Дар ҳошияи ”Раҳи ашк”

Нигоштаҳои адиби хушсалиқаи тоҷик Абдулқодири Раҳим ҳамеша ҷаззоб ва самимӣ мебошанд. Ӯ хоҳ шеър нависад хоҳ ҳикоя, пайванди адабиёту зиндагиро нигоҳ медорад. Мавзӯъро хуб медонад, чакидаҳои хомааш мисли шабпаракҳои зарринбол дар гулбоғи адаб сайр мекунанд ва аз шохаву гулҳои муаттар шаҳд мегиранд. Ва сухани Абдулқодир ширинтару ба қалб наздиктар мегардаду ба дилҳо роҳ меёбад. Абдулқодири Раҳим қаламкаши заҳматкашу қаноатпеша мебошаду умре бори сухан мекашад.

Ӯ зодаи деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ аст. Зодгоҳи шоир барҳақ макони афсонавӣ, диёри парандагони нодиру хушхон аст. Шояд  ҳамин овози  дилфиреби мурғон аст, ки насри ӯ осори андешаю дарунмоя ва роздор аст. Он хонандаро ба хилваткадаи розҳои инсонӣ ва фалсафаи ҳастӣ мебарад. То ин дам як силсила китобҳои насрию назмӣ ва публитсистии Абдулқодири Раҳим нашр шуда, аз ҷониби муҳаққиқону ҳаводорони адабиёт баҳои баланд гирифтаанд.

Китоби нави адиб – ”Раҳи ашк” асари тозае дар бахши назми тоҷик буда, дар он беҳтарин ашъори муаллиф, ки тайи солҳои охир дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд, гирдоварӣ шудаанд. Бешубҳа, Абдулқодири Раҳим яке аз пуркортарин шоирону публитсистиони давр буда, пайваста дар сафи пеши ҳаводиси рӯзгор ва созандагӣ қарор дорад. Зеро ӯ нағз медонад, ки дар замони соҳибистиқлолӣ сухани тозаю созанда ва публитсистикаи бадеӣ мавқеи муҳим дошта, барои ҷомеа зарур аст.

Дар масоили шинохти ислом ва мубориза бо ифротгароӣ сухани Абдулқодири Раҳим хеле нишонрас ба назар мерасад. Муаллиф бо такя ба адабиёти классикӣ ва маъхазҳои муътамад ашъори худро тақвият бахшидааст. Ба андешаи шоир имрӯзҳо бар асари афзудани хатари ифротгароӣ ва зери фишори унсурҳои бегона мондани миллатҳо парваридани ҳисси худшиносии миллӣ ва меҳанпарастӣ хеле зарур мебошад. Дар ин мавзӯъ як силсила мақолаву шеърҳои саривақтии Абдулқодир, ба монанди “Як зернавишт ба як сурат”, ”Пас дер мекунем”, “Исломи асилро агар бишносем”, “Рӯбарӯи хатарҳои ҷиддӣ”, “Ҷаҳонро ба бад наспарем”, ”Зиракии сиёсиро аз даст надиҳем” нашр шудаанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар асари наваш низ Абдулқодири Раҳим ба мавзӯи дӯстдоштааш – модар содиқ мондааст. Шоир мавзӯи ситоиши модар ва қадршиносии ӯро бисёр дӯст медорад. Дар ин мавзӯъ як силсила мавод эҷод намудааст, ки метавон онҳоро як дастоварди бузурги шеъри тоҷик номид.

Мутолиаи китоби нави Абдулқодири Раҳим ба дилҳо суруру шодмонӣ бахшида, инсонҳоро барҳақ ба шод зистану умрро ғанимат шумурдан ҳидоят месозад, ки дар ин рӯзҳо хеле муҳим мебошад. Ба ҳамин хотир, имрӯз дар барномаи навбатии “Соядаст” ҳамкорамон Лутфия Бобиева ин китобро ба шунавандагони бешумори радио муаррифӣ карданду ҳамроҳи муаллифаш суҳбати хотирмоне доир намуданд, ки шумо метавонед такрори барномро шабона, соати 03:35 дақиқа аз мавҷи радиои “Садои Душанбе” шунавед.

Аз идора:Номи китоб баргирифта аз як шеъри шоир аст, ки шакли пурраршо ин ҷо меорем:

 

Достоне ба дарозии раҳи ашк марост,
Ки тавонам ба нафас ҳам гӯям,
Дасти ман кутаҳ нест,
Ихтиёрам ба забонбозии шаҳ нест.
Аз гадоӣ сари сӯзан дуррам,

Меҳрпечидаи сад фағфурам.
Ошное, ки маро дарк кунад,
Дар шабистони нукотам хуфтаст.
Достоне ба дарозии раҳи ашк марост,
Гули бишкуфта чи донад арақ аз шабнами худ,

Субҳ он дар, ки кушодаст, бибандад бозаш,
Дилаки хуфта чи донад ба нигоҳе розаш?
То нагӯӣ, зи пушаймонӣ ду чашме нам буд,
Ки маро гумшудае ҳасту хато дарёбам.
Достоне ба дарозии раҳи ашк марост,

Пушти танҳо шуданам анҷуман оростаанд,
Аз хазонам пари товус бифурӯшанду бинозанд,
Бар сари ақл чи девонагиеро ҳама бозанд.
Пои тадбир ба як обилаам мепечад,
Ин нишонест аз он манзили бе ному нишон.

Достоне ба дарозии раҳи ашк марост,
Ибрат ойинашумор аст ба бишкастани як ҳарфи вафо,
Хонае бар лаби дарё ҳама созанду саховат ҷӯянд,
Бехабар ин, ки зи дарё ҳама як рӯз бирӯянд.
Чашм аз гавҳари маънӣ чу бибанданд, надонанд,

Ки яке сабза шудан низ ғанимат бошад.
Достоне ба дарозии раҳи ашк марост,
Мустаҷоб омада имрӯз дуъое, ки ба фардо бинамоям:
Ҳар кӣ сангам бизанад, қуфли гарон бар дили ӯ,
Ҳар кӣ рангам бизанад, ранги ҷаҳон бар дили ӯ.

Аз саро то ба Сурайё нигарам,
Ки маро ёр ба як ханда саломе гӯяд.
Достоне ба дарозии раҳи ашк марост,
Ҳирси Одам зи биҳиштам овард,
Бар сари хӯшаи гандум.

В-ин аҷаб, дӯст ба сад мулки ҷаҳонам бифурӯшад,
Лек бо як ҷави рӯидаи киштам нахарад.
Бар сари ман бихурӯшад,
Ки маро бори гаронӣ.
Достоне ба дарозии раҳи ашк марост,

Ваъдаро боз ваъид аст пайи солу пайи моҳ.
Хона бунёд надорад ва яке бому ду дар,
Аз дили туст, ба он хишт бимонӣ ҳам сар.
Омадан буду набуд асту ба рафтан нозад,
Қумрӣ аз шохаи бишкаста ба ку-ку бозад.

Достоне ба дарозии раҳи ашк марост,
Ҷонамозам сари як санг шудаст.
Падарам фотиҳаро паст бихонад ба дили шаб,
Ки мабодо зи садои пое
Тарс рӯяд ва яке таб

В-аз дили таб бирасад гумшуда фарзанд бо овои «падар!»
Ва набинад чашмаш,
Нашнавад ҳам гӯшаш,
Он гаҳ ар гиря кунад, роҳи варо мебандад.
Достоне ба дарозии раҳи ашк марост,

Ки ба як сина сухан гуфтани он амри маҳол аст.
Себаки сурх талабгори равоқест баланд,
Модарам мурғаки бирёншударо кард писанд.
Ман ба ширинии афсонаи ӯ дил додам,
Бехабар ин ки ба афсона аз ин хона бадар шуд.

Достоне ба дарозии раҳи ашк марост,
Оҳ, бахтам шӯр аст,
Бенамак аммо даст.
Гар зи по меуфтам, хандаро рӯи хиҷолат бибарам,
Шармро аз гулаки коғазию бод ба ҳасрат бихарам.

Ошноӣ на чунон буд, ки пиндоштамаш,
Офтобам на ҳамон буд, ки бишнохтамаш.
Достоне ба дарозии раҳи ашк марост,
Ки тавонам ба нафас ҳам гӯям,
Лек ашкам нагузорад,

К-аз ҳама пештарак мегӯяд,
К-аз ҳама бештарак мегӯяд
Ва ҳама шарҳ аз он оҷиз аст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE