Гуруғлисарои тоҷик сазовори ҷоизаи махсуси Фестивали дуюми байналмилалии достонсароён шуд

Аз 17 то 21 сентябр дар шаҳри Нуқуси Ҷумҳурии Узбекистон Фестивали дуюми байналмилалии достонсароён баргузор гардид, ки дар он ҳунармандони маъруфи навъи ҳамосасароӣ аз Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон, Урдун, Озарбойҷон, Македония, Мадагасгар, Сербия, Русия (ҷумҳуриҳои Тува ва Ёқутистон) ва Туркия бо барномаҳои ҷолиб иштирок намуданд.

Ба иттилои шуъбаи санъатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тайи се рӯз аъзои ҳакамони байналмилалӣ ба мазмуну мундариҷаи сурудҳои ҳунармандон ва сатҳи ҳифзи мероси қадимии мардумони манотиқи мухталифи олам баҳо гузоштанд. Шоҳҷоизаи фестивал насиби бахшии ҷавон аз Қароқалпоқистон Ҷонибек Пиёзов гардид, ки воқеан бо сози қадимии Қобиз достони машҳури Алпомишро бо маҳорати баланд иҷро кард.

Гуруғлисарои тоҷик Муқимҷон Камолов сазовори ҷоизаи махсуси аъзои ҳакамон шуда, соҳиби мукофоти махсуси пулӣ ва туҳфаҳои қиматбаҳо гардид. Дар доираи фестивал ҳамчунин конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд, ки дар он олимони Тоҷикистон Аслиддин Низомӣ ва Кароматулло Раҳимзода иштирок намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE