Исфара: Осоишгоҳи “Зумрад” таъмир мешавад

Сайёҳати экологӣ ҷузъи муҳими туризми ҷаҳониро ташкил дода, имрӯз ба он нафарони зиёде таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд. Иқтидорҳои табии мамлакат имконият медиҳад, ки дар манотиқи мухталифи кишвар инфаросохтори вобастаи соҳа бунёд шуда, сайёҳони зиёдро ба табобат фаро гирад. Осоишгоҳи табобатию дармонии Зумрад, ки дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд воқеъ гардидааст, аз зумраи ҳамин гуна объекти соҳа ба ҳисоб меравад, ки имрӯзҳо ба мизоҷон хидматрасонӣ менамояд.

Эгамзод Мустафо, мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфараи вилояти Суғд, дар суҳбат ба мо гуфт, ки дар ин муассисаи табобатӣ сатҳи хидматрасонии баланд ба роҳ монда шудааст. Масъулини осоишгоҳ бар он назаранд, ки эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ қадами дигаре барои расидан ба ҳадафҳои дар пешгузошташудааст. Баин хотир дар ҳудуди Осоишгоҳ таъмиру таҷдиди биноҳои иловаги оғоз гардидааст, ки умед аст бо ба истифода қарор гирифтани он шумораи истироҳаткунандагон аз дохил ва хориҷмеафзояд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки сайёҳии экологӣ аз қадим миёни миллати тоҷик маъмул буд ва имрӯз низ барои рушди он тадбирҳои алоҳида андешида шуда истодаанд. Далели ин гуфтаҳо фаъолияти муназзами ошоишгоҳҳои Шоҳамбарӣ, Хоҷаобигарм, Сатурн ва даҳҳо монанд ба он аст.

Бахтовари НУРИДДИН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE