Баргузории ҷаласаи шашуми вазирони кишоварзии давлатҳои узви СҲШ

12 август, дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи шашуми вазирони кишоварзии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай  (СҲШ) тариқи онлайни баргузор мегардад. Дар ин бора аз Раёсати байналмилалии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҷаласаи шашуми вазирони кишоварзии давлатҳои узви СҲШ дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ барои солҳои 2020-2021 баргузор мегардад.

Дар ҷаласа роҳбарони сохторҳои амнияти озуқаворӣ, байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растани  тариқи онлайни иштирок менамоянд.

Интизор меравад, ки дар доираи он масъалаҳои вобаста ба ҳамкории давлатҳои узви СҲШ дар соҳаи кишоварзӣ  баррасӣ гарданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE