Душанбе: Дар самти баррасии мушкилот ва дурнамои соҳаи сайёҳӣ ҳамоиш доир шуд

Имрӯз дар меҳмонхонаи “Атлас”-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ҳамоиш таҳти унвони “Сайёҳӣ дар Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо” баргузор гардид.

Тавре ҳамкорамон аз Радиои Тоҷикистон, Парвина Самандарзода, аз ҷараёни ҳамоиш хабар дод, дар нишаст раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндагон аз сарраёсати консулии ВКХ ҶТ, сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз, намояндагони Ассотсиатсияи сайёҳии экофарҳангии Помир ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Дар ҳамоиши мазкур масоили раванди татбиқи сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ, тартиби воридшавии сайёҳони хориҷӣ ба кишвар, муҳлати будубоши онҳо, тарзи қабул ва хизматрасонӣ ҳангоми вуруди сайёҳон ба ҷумҳурӣ тариқи гузаргоҳҳо, имкониятҳои мусоиди ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба рушди иқтисодиёт, аз ҷумла рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон, низоми андозбандӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва имкониятҳои ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ ва таҳқиқ қарор гирифт

Парвина САМАНДАРЗОДА,

Радиои Тоҷикистон

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE