ШАШМАҚОМ-МУЪҶИЗАИ САВТУ НАВО
Тӯтиёни хушзабони деҳлавӣ
Ранги тӯтӣ карда шеъри паҳлавӣ.
Шашмақому савти Наврӯзи Аҷам
Ҳамчу як муште Аҷамро карда ҷамь
Савту навои бебаҳою безаволи ниёгон – Шашмақом тайи қарнҳо қалбҳои мардуми Аҷамро ба ҳамдигар пайванд намуд ва тухми муҳаббати поки инсонӣ,дӯстдории зиндагиро бо тамоми шебу фарозҳояш дар дили наслҳо кошта омад.Аз баракати 31-соли истиқлоли давлатии мост,ки Шашмақом- мероси бебаҳои тоҷикон дар сатҳи созмони бонуфузи ҷаҳонии ЮНЕСКО соли 2003 ҳамчун ёдгории маънавии умумибашарӣ пазируфта шуд ва асолату шаҳомати азалиашро аз нав эҳё намуд.Аз баракати ғамхорию таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастаи ҳунарии Шашмақом умри дубора ёфт.Пешвои муаззами миллати тоҷик ҳамеша таъкид мекунанд,ки «мо муваззафем мероси фарҳангии ниёгонро эҳё ва аз худ кунем,баҳри рушду такмилаш тадбирҳои амалӣ бияндешем,нисбаташ дилсӯз бошем,зеро арҷгузорӣ ба офаридаҳои ниёгон моҳиятан фотиҳаи неки имрӯзиён ба руҳи поки гузаштагон аст. Тоҷикон,пеш аз хама,тавассути фарҳанги ҷаҳонтасхирашон симои худро маҳфуз доштанду мартабаю манзалати воло ёфтанд. Ва фақат миллате сазовори давлатдорист,ки баҳри рушди илму фарҳангаш ғамхорӣ мекунад.Илму фарҳанг моҳиятан асоси ҳастиву бақои миллатанд».
Ҷашни Рӯзи Шашмақоми безавол ҳамчун ҷашни касбиву мардумӣ на фақат завқу табъи моро тарбия мекунад,балки ба таҳкими худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ мусоидат менамояд.Шашмақомро безавол номидани Пешвои муаззами миллат ва таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданашон ба равнақи мусиқии миллӣ чун тарбиятгари завқи мардум ва омили таҳкимбахши худшиносию ваҳдати миллӣ бар пояи таҳлили амиқи раванди ташаккули шахсият қарор дорад.Пешвои фарҳангпарвари миллати тоҷик дар тамоми суханрониҳояшон мақоми ҳар як унсури фарҳангиро дар ташаккули инсони худогоҳ возеҳан муайян карда,роҳҳои бархурдорӣ аз онҳоро нишон медиҳанд.
Мухлисони Шашмақом,албатта,ба хотир доранд,ки ҷойи баргузории нахустин ҷашнвораи Шашмақом Театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ интихоб гашта буд,ки дар он 12- майи соли 2000 баъди барномаи рангини консертии дусоата Фармони Президенти кишвар «Дар бораи рушди минбаъдаи ҳунари мақомсароӣ дар ҶТ» қироат гардид ва тибқи он ба ансамбл мақомӣ давлатӣ дода шуд.Адиби борикназар шодравон Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар ин ҷашнвора ду ҷумлаи кӯтоҳ,аммо фарогири ҷаҳони маъниро ба забон овард,ки баёнгари ҳуввияти баланди миллиаш ва ифодагари ҳақиқати таърихи буданд: «Шашмақом моли тоҷикон буд,ҳаст ва хоҳад монд!Зиндаю ҷовидон бод Шашмақоми тоҷикон!».Ва дар ҳамин рӯз таклиф ба миён гузошт,ки 12-май Рӯзи Шашмақом эълон гардад.Пешниҳоди адиби миллатдӯст бо хушнудӣ пазируфта шуд ва инак 22 сол боз ин рӯз ҳарсола чун иди касбии мақомсароён,рӯзи арҷгузорӣ ба ҷузъи муҳимтарини фарҳанги миллиамон-мусиқии касбии классикии тоҷик таҷлил мегардад.
Мақомшиносони бузурги тоҷик Бобо Ҷалол,Бобо Ғиёс,Домулло Ҳалим,Мирзо Нарзуллоҳ,Қорӣ Мулло Каромати Дилкаш,Қорӣ Камол,Қорӣ Наҷм,Содирхони Ҳофиз,Ҳоҷӣ Абдулазиз ва садҳо ҳунармандони дигар ин шоҳкориро бо тамоми назокату шаҳоматаш ба ворисон мерос монданд.Саҳми арзишманди қаҳрамонони миллат-устод Садриддин Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров дар ташкилу такомули дастаи ҳунарии Шашмақом фаромӯшнопазир аст.Бо азму талошҳои ватанпарастонаи онҳо донишмандони мумтози Шашмақом-Бобоқул Файзуллоев,Шоҳназар Соҳибов,Фазлиддин Шаҳобов ба ш. Душанбе омаданду соли 1946 дар назди Кумитаи радио дастаи мақомхонон ташкил шуд.Ин бузургони олами ҳунар,инчунин Акашариф Ҷӯраев,Фариза Сайдуллоева,Нериё Аминов,Барно Исҳоқова,ки мавлудаш ба Рӯзи Шашмақом рост меояд,дар рушди ин мусиқии ирфониву ба истилоҳ нухбавӣ(элитарӣ) хидматҳои шоиста карданд.Устод Айнӣ бо ифтихор Акашариф Ҷӯраевро Борбади сонӣ,Барно Исҳоқоваро Левичаи занон номида буданд.
Шашмаком мусикии касбист,мусиқии олиест,ки дар он таносуб,иртибот ва ваҳдонияти оҳанг,садо,эҳсос ба таври муъҷизаосо ба ҳам омезиш ёфтаанд;савти он ба тамоми ҳолатҳои равонии инсон таъсиру таскини қалби мебахшад;созҳои он аз оғоз ба якборагӣ вазъи ботинӣ ва маънавии инсонро фаро мегиранд.Ҳолату эҳсоси инсон ба андеша пиромуни худшиносӣ ва амиқан фурӯ шудан ба олами руҳонии худ омода мегардад.Рисолати ин шоҳасар чист?Расонидани инсон аз тариқи маънишиносӣ,тафаккури маънавӣ ба худшиносист.Ҳамин рисолати наҷиби тарғиби худшиносӣ,расидан ба умқи маънӣ ва ба қадри ҳикмати савту навои ниёгонро имрӯз Ансамбли давлатии Шашмақоми ба номи Ф,Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон ва дигар дастаҳои мақомхониии кишвар масъулиятшиносонаву садоқатмандона ба дӯш гирифтаанд.
Имрӯз дар Ансамбли давлатии Шашмақоми ба номи Ф.Шаҳобов таҳти сарварии Ф.Саидзода мақомхонони шинохтаву ҷавоне фаъолият доранд,ки бо тарзи марғуби иҷроиву сабки хоссаи сарояндагӣ аллакай ҳаводорони зиёде пайдо кардаанд.Ҳофизони мумтоз Абдувалӣ Ҷалолзода,Хуршед Иброҳимзода, Тоҷиддин Раҳимзода, Ҷумъабой Қӯзиев, Мурод Ҷумъаев, Луҳира Муъминова, ,Гулчеҳра Қурбонова, Гулбаҳор Шокирова ҳамроҳи ҳунармандони ҷавони соҳибсалиқа Абдулмаҷид Бобоев, Файёз Расулов,Далери Исматулло, Фазилат Каримова, Субҳон Бурҳонов, Гулбону Раҳмонова,Беҳрӯзи Наимзода ва Зайнаб Субҳонзода дар такмили муҳтавои Шашмақом бо коркардҳои навин ва тарғиби ин шоҳасар дар дохили кишвар ва берун аз он саҳми шоистаи таҳсин мегузоранд.Ромишгарони шинохта Сироҷиддин Ҷӯраев,Шавкат Оқилов, Беҳзод Ҳомидов, Алишер Фозилов ва дигарон дар рушди малакаҳои касбии мутрибони ҷавони мақомнавоз азму талошҳои назаррас доранд.Ин дастаи бонуфузи ҳунарӣ аз дастгириву таваҷҷуҳи доимии Раёсати Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон бархурдор буда,дар самти решадор гардонидани муҳаббат ба мусиқии классикӣ дар зеҳни тамоми қишрҳои ҷомеа хидмати арзишманде анҷом медиҳад.
Мусиқӣ моҳиятан барангезандаи эҳсоси латиф,нерӯбахши руҳи инсонист.Панҷаи ниёгони ромишгару сеҳрофари мо зеру бами онро барои баёни эҳсосоти шодию нишот,ғаму андуҳ,сӯзу гудози ушшоқ,ғурбат аз ватан мувофиқ гардонид.Созҳои мусиқӣ дар масири таърихи пуртазоду пурфоҷиаи тоҷикон ҳамовозу ҳамнавои ҳолати руҳониашон будаанд.Навоҳои Шашмақом,ки саршор аз эҳсосоти ҳузну шодмонист,баёнгари ҳолати маънавӣ ва вазъи иҷтимоии халқест,ки дар тӯли умри дарозаш басе кулфату озорҳо дидааст,аммо сарбаландона,ба қавле самандарвор аз кӯраи оташи сӯзони озмоишҳои таърих берун омадааст.Ва ин эҳсосоти дар таронаҳои Шашмақом таҷассумёфтаи ниёгонро имрӯз мақомсароёни касбии дастаҳои ҳунарии кишварамон бо сабку салиқаи хоссае ба мо мерасонанд.
Таронаҳои классикӣ бо суҳони заҳмату ҳунари садҳо насли ромишгарону мутрибон тайи садсолаҳо сайқал ёфта,то ба замони мо расиданд.Ҳунармандони ҷавон имрӯз кӯшиш мекунанд ба қадри ҳамин заҳматҳои бузурги устодони ҳунари гузашта бирасанд ва махзани Шашмақомро бо дурдонаҳои навини муҷаллое ғанӣ гардонанд. Ҳарчанд ки Шашмақом дар асрҳои минбаъда танзим шудааст,заминаҳои он,анъанаҳои мусиқии шифоҳии классикии тоҷик ва достонҳои мусиқии овозӣ дар даврони тиллоии таърихамон-давлати Сомониён шакл гирифтааст ва баъдан дар Дувоздаҳмақом тадвин гардида,бо мурури қарнҳои баъдӣ ва таҷдиди дигарбора ба Шашмақом табдил ёфтааст.Имрӯз анъанаҳои мусиқии аҷдодӣ, касбияти асил ва коркардҳои замонавии мақомҳоро насли ҷавони кишвар дар КМТ ба номи Т.Сатторов, ДДСФТ ба номи М.Турсунзода, факултетҳои мусиқии ДДХ ба номи Б.Ғафуров ва даххо коллеҷҳои мусиқии мамлакат меомӯзад ва ин раванд минбаъд дар дастаҳои ҳунарӣ идома меёбад.
Шашмақом куллиёти афкори ҳикматсаршори заволнопазир,маҷмӯаи созу овози беназир,гулистони диловези маъонии воло ва бӯстоне тасхиркунандаи дилҳост. Шашмақом чун ёдгории беназири маънавии ниёгон на фақат мероси шойгони фарҳангӣ,балки акси садои онҳост,ки дар гунбади афлок тайи қарнҳо ғулғула афкандааст ва аз дурии замонаҳо бо ларзиши торҳо садои дили пур аз нишоту фараҳ ва ғаму ғуссаи аҷдодонро ба гӯши мо мерасонад.Тору пуди Шашмақом дирӯзу имрӯз,гузаштагонро ба имрӯзиён пайванд медиҳад,моро ба асли худ ва ба ҳамдигар боз бештар наздиктар мегардонад.Ин падидаи беназири фарҳангӣ аз умқи ҳикмати миллати тоҷик ташаккул ёфт,дар худ андешаи миллӣ,орзую омоли ниёгонро таҷассум карда, бегазанд то ба мо омада расид ва бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои фарҳангпарвари миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷилою таровати бештар ёфт.
Бигзор дар ҷевони ҳар як хонаводаи тоҷик китоби «Тоҷикон» ҳидояткунандаи ҳар як ҳамдиёр ба ифтихори ватандориву худшиносии миллӣ бошад!Бигзор дар девори ҳар як хонаводаи тоҷик дутору думбраву танбӯр паҳлӯи ҳам овезон бошанду кӯдакон бо лаҳни ширин, гохе оҳангҳои классикӣ ва гоҳе оҳангҳои фалакиро замзама кунанд ва аз ин ду падидаи беназири фарҳанги мусиқии миллатамон ифтихор намоянд!
Мон,бимонад Соҳибу нақши Шаҳоби тоҷикон,
Монад овезон ба девораш рубоби тоҷикон!
Даст бар дил бо китоби «Тоҷикон» савганд хӯрд,
Тагсарии тоҷикон гардад китоби «Тоҷикон»!
Бариев Хуршед, муҳаррири варзидаи радиои «Садои Душанбе»