Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия
18 августи 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу бо ташаббуси ҷониби Туркия гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Вазирон вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркияро баррасӣ карданд. Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои таҳкими равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, инчунин рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва маориф таъкид намуданд.
Дар суҳбат ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва вазъи кунунӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ баррасӣ шуданд.