Британияи Кабир тақрибан 20 ҳазор гурезаи афғонро қабул мекунад

Мақомоти Британия  барномаи панҷсолаи кӯчониданро ба мувофиқа расониданд, ки дар назар дорад салтанат тақрибан 20 ҳазор гурезаро аз Афғонистон қабул намояд, хабар медиҳад рӯзномаи The Guardian.

Ба сокинони Афғонистон, ки маҷбуранд хонаҳои худро тарк кунанд ва ё бо таҳдиди таъқиби Толибон рӯбарӯ шудаанд, дар Британияи Кабир ба таври доимӣ паноҳгоҳ пешниҳод мешавад. Чунин барномаро Британия қаблан барои қабули паноҳандагони суриягӣ амалӣ намуда буд. Тибқи барнома, афзалият ба занон, кӯдакон ва намояндагони ақаллияти мазҳабӣ дода мешавад.

«Британияи Кабир аз ҳар касе, ки бо мо кор кардааст, то Афғонистонро дар 20 соли охир беҳтар созад, қарздор аст. Аксари онҳо, хусусан занон, ҳоло ба ёрии мо ниёз доранд» — гуфт сарвазири Британия Борис Ҷонсон.

Вазорати умури дохилии Британия ба он омодагӣ мебинад, ки то охири соли равон 5 ҳазор нафар ба ин кишвар меоянд.

«Ман мехоҳам, ки мо ҳамчун миллат ҳама кори аз дастамон меомадаро кунем, то ба гурезаҳои осебпазир аз Афғонистон кумак расонем, то онҳо тавонанд дар Британияи Кабир зиндагии нави осуда оғоз кунанд, зиндагии дур аз зулму ситаме, ки ҳоло бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд»,- иқтибос меорад рӯзномаи The Herald аз суханони Вазири корҳои дохилии Британия Прити Пател. Вазир инчунин аз ИА ва дигар кишварҳо даъват кард, ки ба  Британия пайравӣ кунанд.

 Ба навиштаи рӯзнома, 520 дипломат, шаҳрвандони Британия ва афғонҳо бо парвозҳои низомӣ Кобулро тарк карданд. Рӯзҳои наздик шумораи бештари онҳо дар назар аст.

Ҷангиёни ҳаракати «Толибон» 15 август бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва дар тӯли чанд соат дар пойтахти Афғонистон назорати комил ба роҳ монданд. Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ки барои ҷилавгирӣ аз хунрезӣ истеъфо дод ва кишварро тарк кард. Кишварҳои ғарбӣ шаҳрвандон ва кормандони сафоратхонаҳоро кӯчонида истодаанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE