Рушди ҳуқуқи инсон дар 30 соли Истиқлоли давлатӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ дар Душанбе

20 август бо ташаббуси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Рушди ҳуқуқи инсон дар 30 соли Истиқлоли давлатӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабар доданд.

Дар конференсия Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  Умед Бобозода аз паҳлуҳои таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии Истиқлоли давлатӣ, дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва тақвияти сулҳу суботи ҷомеа ёдовар шуда, афзуд, ки Истиқлол ва мавҷудияти аркони давлатдорӣ ба Тоҷикистон имкон дод то дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардад ва ташаббусҳои Роҳбари давлат дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, ҳамовозию дастгирӣ ёбанд.

Иштирокчиёни чорабинӣ аз таърихи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, мушкилиҳо ва дастовардҳои он ёдовар шуда, зикр доштанд, ки дар таҳкими минбаъдаи Истиқлол ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошад.

Дар ҷамъомад муовини Сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқии инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Орзузода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлудахон Зайнӣ, Роҳбари Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта, Роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Осама Макавӣ ва намояндагони як қаттор вазорату идораҳои дигари ҷумҳурӣ ва ниҳодҳои минтақавию байналмилалӣ бо мавзӯъҳои мушаххаси марбут ба масъалаи рушди ҳуқуқи инсон дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баромад намуданд. Қайд гардид, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон низоми комили ҳифзи ҳуқуқи инсон ташкил карда шуда аст. Дар сатҳи Конститутсия муқаррар карда шуд, ки инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ эътироф шуданд. Сипас иштирокчиёни конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба мазмун ва муҳтавои маърӯзаҳои ироашуда, мулоҳизаронӣ намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE