Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ: Амнияти шаҳрвандони Афғонистон, ки ба кишвари мо гуреза шудаанд таъмин карда мешавад
Ман ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намудам, ки Ҷумҳурии Исломии Покистон имрӯз барои аз кишвар баромадани он шахсоне, ки мехоҳанд Афғонистонро тарк намоянд, кӯшишҳои худро ба харҷ дода мусоидат карда истодааст. Мо барои таъмини бехатарӣ ва амнияти шаҳрвандон ҳангоми баромадан ва дар кишвар қарор доштан тамоми чораҳои заруриро дида истодаем. Ин кӯшишҳои мо аз ҷониби якчанд кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар сатҳи баланд арзёбӣ гардидааст. Мо инчунин дар мулоқоти имрӯза имконияти доир намудани як вохӯрии маҷозии намояндагони махсуси кишварҳои ҳамсояи бевоистаи Афғонистонро дар мавриди баррасии вазъи Афғонистон муҳокима намудем. Ин вохӯрӣ барои баргузории мулоқоти Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон як заминаро ба вуҷуд орад то он ки мо дар сатҳи вазирон вобаста ба он, ки чӣ гуна барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва таъсиси як Ҳукумати фарогир метавонем роҳҳои ҳалли муайянро пайдо намоем. То дар натиҷаи кӯшишҳои мо тамоми ақалиятҳои миллии дар Афғонистон зиндагӣ карда истода бо ҳам тавонанд дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ кунанд ва барои пешрафти кишвар саҳми худро гузоранд. Ҳамаи мо дар ин ҷараён як нақши худро дорем ва бояд, ки як нақши созанде бозем. Барои таъмини иҷрои ин мақсад мо бояд бо якдигар машваратҳо гузаронем ва тамоми амалҳои худро бо якдигар ҳамоҳанг созем ва ҳамеша дар ҷараён фаъол монем. Гуфт пас аз мулоқот бо Пешвои миллат Вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ ба намояндагони ВАО.