ҲАНГОМАҲОИ ЛИВЕРПУЛ ИН НАВБАТ ДАР ЭНФИЛД ИДОМА ЁФТ

Шоми дирӯз мухлисони футболи аврупоиро рақобатҳои ҷолиб дар пай буд. Бозии марказии даври 23-уми Приймер лигаи Англия дидори рақобатҳои Ливерпул ва Манчестер Сити ба шумор мерафт. Мутахассисон бар он назар буданд, ки шогирдони Юрген Клоп пас аз бохтҳои пай дар пай ҳатто аз дастаҳои дар қисмати дуюми ҷадвал қарор дошта ба муҳри хеш бармегардад. Аммо пас аз ин дидор маълум гардид, ки ҳамоно Юрген Клопп барои бартараф кардани мушкилотҳои ҷойдошта ба хулосаи амиқ наомадааст. Ҳарчанд ҳадс зада мешуд, ки шояд ин рақобат барои Ливерпул дидори муҳим бошад. 1:4 бохти Ливерпул дар майдони худ аз дасти Манчестер Сити дар таърихи дидорҳои ин дастаи маъруфу машҳури англисӣ бесобиқа унвон мешавад. Гвардиола мутахассиси кори худ буду ҳаст. Чанд соле, шарафи бошгоҳи Барселонаро дар худ дошту меболиду мефахрид. Аммо бо гузораи фурсату фосилаи андаке қолаби муваффақиятҳои хешро дар Сити роҳандозӣ карда истодааст, ки натиҷаи онро мо дар садрнишин гардидан дар ҷадвали Приймер лига дида метавонем. Қисми аввали рақобатро дастаҳо бидуни гол пушти сар карданд. Дар оғози нимаи дуюми рақобат аниқтараш дар дақиқаи 49-ум Илкай Гюдаган ҳисоби бозиро кушод. Муҳаммад Салоҳ дар дақиқаи 63-ум аз зарбаи пеналтӣ тавозунро баробар кард. Дар дақиқаи 73-ум  Илкай Гюдаган голи дуюми дастаашро ба самар расонида дублро ба номаш муҳр зад. Бо гузораи 3-дақиқа Рахим Стерлинг ҳисборо 1 бар 3 намуд. Нуқтаи ниҳоиро дар дидор Фил Фоден дар дақиқаи 83-ум гузошт. Бо ҳамин шумораи мағлубиятиҳои Ливерпул зиёд гардида истодаасту ин навбат бо ҳисоби 1 бар 4 дар майдони худ шикаст хӯрд.

Султонов Шодонҷон

 Садои Душанбе

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE