Нотаи эътирозии Тоҷикистон дар робита ба суханони Ҷо Байден

14 сентябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардид. Ба Сафири ИМА оид ба суханони Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷо Байден зимни боздид аз дидбонгоҳи оташнишонӣ дар Пенсилвания ёддошти эътирозӣ супорида шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ёддошт омадааст, ки чунин суханҳо ба рӯҳияи муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ ҷавобгӯ намебошанд. Инчунин,  зикр шудааст, ки ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманди пешбурди робитаҳои судманд бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар рӯҳияи ёрӣ ва эҳтироми ҳамдигар аст. Президенти ИМА Ҷо Байден 11 сентябри соли равон ҳангоми боздид аз дидбонгоҳи оташнишонӣ дар Пенсилвания аз амалҳои худ дар мавриди хуруҷи неруҳо аз Афғонистон дифоъ карда, яке аз лаҳзаҳои фоҷианокро, ки афғонҳо зимни кӯшиши тарки кишвар ба фюзеляж (танаи самолёт) ва чархҳои ҳавопаймоҳои дар ҳоли парвоз мечаспиданд ва аз баландӣ афтода, ҳалок шуданд, зикр намуд.

Байден изҳор дошт, ки вазъият бо одамоне, ки ба фюзеляжҳои ҳавопаймоҳои низомӣ-нақлиётии Амрико часпиданд, дар сурати тахлияи ҷонибдорони ИМА аз Тоҷикистон метавонист такрор шавад. «Ба касе фаҳмондан душвор аст, ки ба таври дигар чӣ гуна метавон тарк кард. Масалан, агар мо дар Тоҷикистон мебудем ва ҳавопаймои C-130 (ҳавопаймои низомӣ-нақлиётӣ) оварда, мегуфтем, ки мо ба ҳамаи онҳое, ки ҷонибдори моянд, иҷоза медиҳем ба ҳавопаймо савор шаванд, шумо одамонро дар чарҳо овезон медидед», — гуфт аз ҷумла, Президенти ИМА.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE