Манъ кардани тамоку дар пойтахти Италия

Тамокукашӣ дар кӯча ва ҷойҳои ҷамъиятӣ дар пойтахти молии Итолия, Милан ҳоло ба истиснои чанд ҳолат манъ карда шудааст. Ин маҳдудияти қатъӣ ба ҳадафи “беҳтар кардани сифати ҳаво дар шаҳр” нигаронида шудааст. Дар дуввумин шаҳри бузурги Италия, Милан, сигоркашӣ дар кӯча ва ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ шудааст. Манъи умумишаҳрӣ аз 1 январ эътибор пайдо кардааст. Барои вайрон кардани қонун аз 40 то 240 евро ҷарима муайян шудааст. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки ин чора ба “ҳамаи ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла кӯчаҳо” дахл дорад, аммо барои “ҷойҳои ҷудогона” истисно гузошта шудааст. Онҳое, ки дар чунин ҷойҳо тамоку мекашанд, бояд аз дигарон на камтар аз 10 метр дур бошанд. Манъи ҷорӣ охирин қадами ташаббусест, ки соли 2021 барои беҳтар кардани сифати ҳаво дар шаҳр оғоз шуда буд. Ба гуфтаи мақомот, ин ба хотири ҳифзи саломатии шаҳрвандон аз таъсири зараровари “тамокукашии ғайрифаъол” сурат мегирад. Аммо мамнуият ба сигорҳои электронӣ ва вейпесҳо дахл надорад. Дар соли 2020 Шӯрои шаҳри Милан низомнома дар бораи сифати ҳаво дар шаҳрро қабул кард, ки дар қатори дигар нуктаҳо тадриҷан манъ ва кам кардани тамокукаширо пешбинӣ мекунад. Дар соли 2021 аввалин маҳдудият ҷорӣ карда шуд, ки тамокукашӣ дар боғҳои ҷамъиятӣ, майдончаҳои бозӣ, истгоҳҳои автобусҳо ва иншооти варзиширо манъ мекард. 

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE