Александр Лукашенко ба Душанбе омад
Имрӯз, 15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Александр Лукашенко ва ҳайати Ҷумҳурии Беларусро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.
16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар шаҳри Душанбе дар иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД), ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад, иштирок мекунад.
17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Беларус дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ бахшида шудааст, ҳамчун роҳбари давлати нозир дар СҲШ иштирок менамояд.