Тоҷикистон барои расонидани ёрии фаврии башардӯстона аз ҷониби КБСС ба мардуми Афғонистон ва Панҷшер даъват намуд
21 сентябр дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии СММ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Петер Маурер баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, тарҳҳои дар кишвари мо роҳандозишаванда ва мавзӯъҳои амнияту суботи минтақа, вазъи кунунӣ дар Афғонистон, инчунин масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар намуданд.
Дар аснои мулоқот С. Муҳриддин зарурати ҳарчӣ зудтар расонидани ёрии фаврии башардӯстонаро аз ҷониби Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ба мардуми Афғонистон, бахусус сокинони водии Панҷшер таъкид намуд.