Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти иҷлоси 76-уми МУ СММ мулоқот кард

27 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чорчӯби сафари кории худ ба Ню-Йорк ҷиҳати иштирок дар Мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти тозаинтихоби он Абдулло Шоҳид мулоқот анҷом дод. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар суҳбат ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва СММ-ро дар чаҳорчӯби Маҷмаи Умумии он дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла бахшҳои амният, иқтисод, иҷтимоӣ, гуманитарию беҳдоштӣ ва обу иқлим мавриди баррасӣ қарор дода, ба зарурати таҳкими ҳамкории бисёрҷониба таъкид карданд.

Тарафҳо инчунин таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, аҳамияти вокуниши муассир ба пайомадҳои иқтисодию иҷтимоии ҳамагирии COVID-19, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зистро баррасӣ намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE