Италия ҳукумати «Толибон»* дар Афғонистон эътироф нахоҳад шуд
Вазири корҳои хориҷии Италия Луиҷи Ди Майо изҳор дошт ки ҳукумати «Толибон»* дар Афғонистон эътироф нахоҳад шуд. Дар ин бора телевизиони «Ал-Ҷазира» гузориш додааст.
Ӯ аз давлатҳои хориҷӣ даъват кард, ки аз суқути молиявӣ дар Афғонистон, ки боиси зиёдшавии мавҷи муҳоҷирон мегардад, ҷилавгирӣ намоянд. «Эътирофи ҳукумати Толибон* ғайриимкон мебошад, зеро дар байни вазирони онҳо 17 нафар террорист аст ва ҳуқуқи инсонии занону духтарон доимо поймол карда мешавад. Равшан аст, ки мо бояд аз суқути Афғонистон ва ҷараёни беназорати муҳоҷират, ки метавонад кишварҳои ҳамсояро ноором созад, пешгирӣ кунем»,-гуфт Ди Майо.
Италия ҳамасола раёсати бистгонаи бузургро бар уҳда дорад ва умедвор аст, ки мизбони нишасти вижа оид ба Афғонистон шавад. Ба гуфтаи Ди Майо, кишварҳои бистгонаи бузург (G20) дар баробари ҳамсояҳои Афғонистон ба мубориза бо терроризм ва ҳифзи ҳуқуқи инсон содиқанд.
_________________________________
* Толибон – ташкилоти мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо