Ҳамоиш доир ба нақши Пешвои миллат дар эҳё ва густариши Наврӯз
Бо ташаббуси Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва густариши Наврӯз» мизи мудаввари илмӣ баргузор шуд, хабар доданд аз Академияи мазкур.
Дар ҳамоиш ректор оид ба илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатӣ Амид Комилбек иброз намуд, ки Наврӯз аз аҳди бостон то ба имрӯз тимсоли пирӯзию рӯшноӣ бар зулмоту ҷаҳолат, рамзи эҳёи табиат, оламу одам, ривоҷи дӯстию рафоқат, фаровонии хайру баракат ва ифодагари орзую омоли неки мардум мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менамоянд: «Наврӯз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебоӣ, оғози кишту кори баҳорӣ, паёми эҳёи табиат ва гардише дар рӯҳу ҷони одамон падид меоварад».
Наврӯз на танҳо иди баҳор, балки тарғибгари беҳтарин суннатҳои воло ва фарҳанги ғании ниёгонамон маҳсуб мегардад. Зеро маҳз анъанаҳои ахлоқӣ ва таърихии халқ, аз ҷумла ҳикмати Наврӯз мардуми моро дар лаҳзаҳои ҳассоси зиндагӣ ба ягонагӣ, ору номус ва ҳимояи Ватан ҳидоят менамоянд. Дар сиёсати фарҳангии Пешвои миллат Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона аст.
Директори Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ Саид Ғоибназарзода дар мавзӯи «Наврӯз ҷашни миллӣ ва байналмилалӣ» сухан намуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки бо заҳмату талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз аз замони қадимтарин то имрӯз миллати мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид овардаанд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоию нафосат ва бедорию заҳмат мебошад.
Дар мизи мудаввар дар мавзӯъҳои «Фалсафаи Наврӯз: дирӯз, имрӯз ва фардо», «Наврӯз ҷашни бостонӣ ва нақши Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва ҷаҳонишавии он»,«Инъикоси масъалаҳои Наврӯз дар Паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ»,«Эҳё ва густариши ҷашни Наврӯз дар замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон», «Инъикоси оинҳои ориёии наврӯзӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ», «Таҷлили ҷашни Наврӯз тибқи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ», «Ҷойгоҳи Наврӯз дар осори Пешвои миллат», «Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар густариши ҳамгироии кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз»,«Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҷдид ва густариши фарҳанги наврӯзӣ», «Тараннуми иттиҳод ва дӯстию рафоқат дар ҷашнгирии Наврӯзи Бадахшон» маърӯзаҳо шунида шуданд.