Аз Душанбе то Бадахшон

Мо аҳли гурӯҳи эҷодии радиои “Садои Душанбе” ба хотири муаррифӣ ва дастовардҳои замони Истиқлол ба манотиқи мухталифи кишвар сафар намудем. Сафари навбатии мо бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълони “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба роҳ монда шуд.

Қобили қайд аст, ки дар сафари мазкур намояндагони ВАО-и кишвар, як гурӯҳ саёҳони дохил, мушовирони байналмилалӣ ва намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон ширкат доштанд. Мувофиқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумита сафари мо тӯли 4 рӯз аз (18-ум то 21-уми сентябри соли ҷорӣ) ҷараён гирифт. Дар ин сафар мо аз имкониятҳои сайёҳии ин манотиқи кӯҳистони мамлакат боздид намудем.

Соҳаи сайёҳӣ имрӯз яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва сердаромад ба ҳисоб меравад. Бадин хотир давлату Ҳукумати мамлакат, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи мазкур диққати ҳамаҷониба зоҳир намуда, ба масъулин пайваста дастуру супориш медиҳанд, то, ки баҳри пешрафти ин соҳа тамоми кӯшишу ғайрати худро равона созанд.

Нахуст, сафари мо аз шаҳри Душанбе оғоз гардид. Роҳ хеле дур буд. Баъд аз гузашти соатҳои зиёд мо ба ноҳияи Дарвоз расидем. Табиати нотакрору дилфирабаш ба шахс рӯҳу ҳаловати тоза мебахшад. Ҳама ҷо чун фасли баҳор сабзу хуррам аст. Маркази ноҳияро дарёчаи шӯху дилписанде зебу зиннат бахшидааст. Инчунин, дар марказ баҳри истироҳату фароғати саёҳону меҳмонон даҳҳо истироҳатгоҳҳои хуштарҳу замонавӣ бунёд ёфтааст, ки ҳудуди ноҳияро дучанд зебоӣ зам намудааст.

Дарвоз – дарвозаи Бадхшон

Мувофиқи маълумоти таърихӣ, ноҳияи Дарвоз 14 декабри соли 1930 бо номи ноҳияи Қалъаи Хумб таъсис ёфта аст. Бар асоси Қарори № 318-и  Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 26 июни 1991 номи бостонии он ба номи Дарвози имрӯза баргардоида шуд.  Маркази ин ноҳия шаҳраки Қалъаи Хумб аст, ки 241 км шимолтар аз шаҳри Хоруғ дар резишгоҳи рӯди Хумбоб ба рӯди Панҷ ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Сангвор аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар ғарб ва ҷанубу ғарб — бо ноҳияҳои Ховалинг, Муъминобод ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар шарқ — бо ноҳияи Ванҷ аз ноҳияҳои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дар ҷануб — бо вулусволиҳои Нусай, Шикай, Хоҳон ва Кӯфоби вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз аст.

Масоҳати умумии ноҳия  2824,5 км кв-ро ташкил медиҳад. Роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва порсизабони садаҳои миёна номи Дарвозро Карон овардаанд ва маркази онро шаҳри бостонии Карон донистаанд. Ба гуфти мардуми Дарвоз, номи бостонии ин сарзамин Маҳистон  будааст. Тибқи омори соли 2015 дар ноҳия 22 000 нафар аҳолӣ умр ба сар мебурдаанд. Ноҳияи Дарвоз дорои чор ҷамоат, ҷамоати Вишхарв, Қалъаи Хумб, Нулванд ва Хостав мебошад. Тибқи малумоти масъулин дар ҳудуди чор ҷамоат беш аз 50-деҳа ҷойгиифтааст.

“Чорчаман” – рамзи Дарвоз

Пас аз расидан ба маркази ноҳияи Дарвоз масъулин моро аз мавзеҳои таърихиву фаҳангӣ ва сайёҳатии ин ноҳия ошно сохтанд. Ба зикри Беҳзод Хоҷаев мудири бахши рушди сайёҳии ноҳияи Дарвоз ҳамасола ҳазорон сайёҳони дохил ва хориҷи кишвар аз ин мавзеҳои таърихиву фарҳагии ноҳия боздид менамоянд. Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия аслан навъи сайёҳии кӯҳнавардӣ ва пиёдагардӣ рушд кардааст.

Метавон гуфт, ки аз ҳама мавзеи истироҳативу фароғатии ноҳия, ки писанди ҳамагон гардид,  ин истироҳатгоҳи “Чорчаман” буд. Ворид шудан замон ба ин мавзеъ диққати шахро гулу буттаҳои зебо, нақшу нигораҳои гуногун, дарёи пуртуғён ва аз ҳама муҳимаш дарахтоне, ки сарони як қатор давлатҳо бо дастони худ шинонидаанд, ҷалб намуд.

Дар як гӯшаи боғ зери дарахтони зиёди сӯзанбарг овезаҳо гузошта шудааст, ки дар он  чунин овардаанд: Ин ниҳоли ҳамешасабз аз ҷониби Дабири Кулли Созмони Миллали Муттаҳид мутарам Антониу Гутериш тобистони соли 2017 шинонида шудааст. Ба ҳамин мазмун, аз ҷониби Президенти Бонки исломии рушд муҳтарам Бандар,  Хаджар, Раиси шурои Аврупо мутарам Донал Туск ва аз ҷониби дигарон чунин ниҳолон ба хотири муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамҷавории нек сабз гардонида шудааст.

Инчунин, дар дохили боғ меҳмонхонаи хуштарҳу замонавӣ, як адад майдончаи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, катҳои тобистона, осорхона ва дигар иншоотҳои маишӣ қомат афрохтаанд, ки баҳри истироҳату фароғати сокинон мусоид мебошад. Табиати дилфиреби “Чорчаман” бо доштани ҳавои тозаи форами худ замони раидан ба димоғи шахс накҳати тоза мебахшад. Садои шилдироси об ва нағмаи булбулони чаман ба истироҳату фароғати сайркунандагон  ниоят фараҳбахш аст.

Истироҳатгоҳи “Чорчаман” баъд аз навсозӣ гардидан боз ҳам зебову назарабо гардидааст. Мавсуф зикр медорад, ки ин макон дар асрҳои гузашта ҷойгоҳи  шоҳони давр буд, ки онҳо баҳри истироҳату фароғат бардоштан ин мавзеъро ихтиёр карда буданд. Сайри шомгоҳии ин мавзеъ афсонаеро дар худ мемонад. Шабонагаҳ маркази боғро фавораҳои рангину ҷолиб, зебу зиннат мебахшанд. Инчунин дар баланде болтар аз аз боғ қалъае бунёд ёфтааст, ки гирду гӯшаи он бо нақшу нигораҳои миллӣ, ва фурӯзонакҳои ранга оро дода  шудаст, ки ҷолиби диққат ва қабули ҳамагон гардидааст.

Рӯзи дуюми сафар

Дар рӯзи дуюм мо роҳ пеш гирифтем ба яке аз ноҳияҳои дурдасти вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахон, ноҳияи Ишкошим. Бояд гуфт, ки тамоми имконоти сайёҳӣ дар ин минтақаи дурдасти кишвар бештар фароҳам оварда шудаст. Қобили қайд аст, ки дар ин минтақа беш аз 100 мавеъӣ сайёҳӣ ва беш аз 20 чашмаҳои шифобахш мавҷуд аст, ки ҳамасола ҳазорон сайёҳони дохил ва  хориҷи мамлакат ба хотири табобату истироҳат аз ингуна мавзеъҳо боздид ба амал меоранд. Сипас, роҳ пеш гирифтем ҷониби ноҳияи Ишкошим.

Дар моварои Ишкошим

Баъд аз гузашти 6 соат аз ноҳияи Дарвоз ба маркази ноҳияи Ишкошим расидем. Тавре дар гузоришҳоямон иттилоъ дода будем, мувофиқи нақшаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ноҳияи Ишкошоми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти унвони “ Сайёҳии дохили омили рушди иқтисодии кишвар”конфронс ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид. Бояд ёдовар шуд, ки намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар доираи эълони солҳои рушди деҳт, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шуд.

Ноҳияи Ишкошим 27 октябри соли 1932 таъсис ёфтааст. Маркази ин ноҳия рустои Ишкошим аст, ки 104 км ҷанубтар аз шаҳри Хоруғ дар канораи рӯди Панҷ ҷой дорад. Дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ дар ҳайати ВМКБ ноҳияҳои Рушон, Бартанг, Шуғнон, Роштқалъа, Вахон ва Мурғоб таъсис меёбанд. Соли 1935 ноҳияи Вахон ба ноҳияҳои Вахон ва Ишкошим ҷудо мешавад. Соли 1948 ноҳияҳои Вахону Ишкошим муттаҳид карда шуда, ноҳияи Ишкошим таъсис мёбад. Ноҳияи Ишкошим дар миёни қаторкӯҳҳои Роштқалъаву Вахон воқеъ аст. Дар шимолу ғарб бо ноҳияи Шуғнон, дар шимол бо ноҳияи Роштқалъа, дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб ва дар ҷануб бо вулусволиҳои Ишкошим ва Вахони вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад.

Аз шимолу шарқи ноҳияи Ишкошим ба шимолу ғарби он рӯди Панҷ гузар мекунанд. Масоҳати умумии ноҳияи Ишкошим 3656,0 км² мебошад. Мардуми Ишкошим бо забонҳои порсӣ, ишкошимӣ ва вахонӣ сухан мегӯянд. Забони порсӣ ба минтақаи таърихии Ишкошим тавассути Бадахшон дар садаҳои XVIII ва XIX ворид шуда забонҳои Ишкошимӣ ва Шуғнонӣ, ки дар минтақаи Ғорон роиҷ будаанд, маҳв мекунад.

Бино бар роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва порсизабони садаҳои миёна, ноҳияи Ишкошим дар гузашта Вахон  ном доштааст. Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон дар соли 1924, Ишкошим бахше аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гардид, ки 2 январи соли 1925 таъсис дода шуд. Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Ишкошим 1 шаҳрак ва 6 ҷамоат дорад.

Ҳунарварзони Ишкошим

Дар саҳни бинои Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзӣ, гулпоракунӣ, гилембофӣ, сабадбофӣ, табақтарошӣ, шерозбофӣ, тоқидзӯзӣ, муаррифии созҳои мусиқӣ ва дигар навъи ҳунарҳои мардумӣ ба маразӣ тамомошо гузошта шуд. Ҳунармандони ҳудуди ноҳия бошанд,  ҳунарҳои ниёгони худро, ки аз миён рафта буданд, дубора эҳё намуда, пешкашӣ ҳозирин гардонданд.

Дар намоиш-фурӯши мазкур инчунин тамоми намуди сабзавоту меваҷоте, ки деҳқонон бо заҳмати дастранҷи худ ба бор овардаанд, ба намоиш гузошта шуд. Инчунин замбурпарварон асали гирифтаи худро ба фурӯш гузоштанд. Ба зикри занбурпарварон дар ноҳияи Ишкошим дар як сол метавон то 2 маротиба асали тозза гирифт, ки ба даҳо намуди бемориҳо аз ҷумла ба бемории шамолхурӣ,  зукоми масимӣ, фишорбаландӣ ва дигар бемориҳо манфиатовар будааст.

Мавзеъҳои таърихиву фарҳангии ноҳия

Дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим қалъаҳои қадима хеле зиёд ҳастанд, ки онҳо таърихӣ кӯҳан дошта, бозгӯкунандаи таърихи қадимаи сокинони ин ноҳия мебошад. Ба зикри масъулин дар ноҳияи Ишкошим беш аз 20 қалъаи қадима мавҷуд ҳастанд, вале аз ҳама қалъаи машҳуру овозадорои ноҳияи мазкур қалъаҳои “Қаҳ-қаҳа” ва қалъаи “Ямчун” аст. Ин ду қалъа дар асрҳои 1 ва 2-и пеш аз мелод  бунёд гардидааст.

Бояд зикр намоям, ки ноҳияи Ишкошиш ягона минтақаи сайёҳӣ дар кишвар буда, баҳри сайёру саёҳати  меҳмонон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар ноҳияи мазкур мавзеҳои табобатӣ хеле зиёд ҳастанд. Аз ҷумла мавзеъи табобатии “Гармчашма”, чашмаи “Авҷ”, “Биби Фотима” ва дигар чашмаҳои шифобахш, ки ба бемориҳои гуногун манфиатовар аст. Ба таъкиди масъулин сайёҳоне, ки ба вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон  сафар менамоянд, қисми зиёди онҳо махсусан аз маконҳои таърихиву табобатии ноҳияи Ишкошим дидан менамоянд.

Анҷоми сафар

Дар тӯли 4-рӯзе, ки сафари мо муқаррар гардида буд, то ҷойи имкон тавонистем аз тамоми маконҳои сайёҳии ҳудуди ноҳияҳои Дарвоз ва Ишкошим дидан намоем. Баъд аз эълони солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” соҳаи сайёҳӣ дар кишвар рушд намуд ва ҷалби сайёҳони хориҷ бештар гардид. Дар воқеъ шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баҳри сайру сайёҳати меҳмону сайёҳони дохил ва хориҷи кишвар мусоид мебошад.

Ба зикри масъулини Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 дар умум 432 ҳазор сайёҳони хориҷ ба кишвар омада, аз мавзеҳои сайёҳии мамлакатамон дидан намудаанд. Ин шумора дар соли 2019 бошад, ба 1 миллиону 200 ҳазор расида, дар соли 2020 бо паҳн шудани бемории сироятии КОВИД-19 коҳиш ёфтааст.

Бо вуҷуди ҳами ин, бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат имрӯзҳо пресс-тур ташкил кардида, ҳамарӯза маконҳои сайёҳии кишварамон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ муаррифӣ гардида истодааст, ки ин метавонад, дар солҳои минбаъда, баъд аз хуб шудани вазъи муракабби пандемияи каронавирус қабули  сайёҳон бештар гардида, соҳаи сайёҳӣ дар мамлкат яке аз соҳаҳои рушдкарда муаррифӣ хоҳад шуд.

Комрони АБДУВАЛӢ,

“Садои Душанбе”

Душанбе –Дарвоз – Ишкошим – Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE