Душанбе: Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ оғоз ГАРДИД

Аз 2 то 4 октябр дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии мусобиқаи футболи хурд баргузор мегардад, хабар медиҳад мудири шуъбаи кор бо ҷавонони дастгоҳи КИМ ҲХДТ Изатуллои Ҳабибзод.

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба оммавигардонии варзиш ва самаранок истифода бурдани иншооти варзишӣ, ки  дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулони соҳа, бахусус ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастури мушаххас дода буданд, мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои футболи ғайрикасбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат роҳандозӣ гардида буд.

Мусобиқаи мазкур тибқи низомнома, то имрӯз дар се марҳила-дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳо, ҷамоати деҳот, минтақа ва вилоятҳо гузаронида шуда, ғолибон қадршиносӣ гардиданд ва ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE