МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУСОБИҚАИ «CAFA NATIONS CUP 2023» БО ДАСТАҲОИ ӮЗБЕКИСТОН, ТУРКМАНИСТОН ВА УММОН БОЗӢ МЕКУНАД

Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2023», ки аз 10 то 20 июн таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, муайян шуданд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» қарор гирифт. Рақибони тими миллии мо дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон, Туркманистон ва Уммон хоҳанд буд. Бозиҳо дар ин чаҳоргона дар Тошканд баргузор мешаванд.

Дастаҳои Эрон, Қирғизистон ва Афғонистон дар гурӯҳи «В» дар Бишкек бозӣ мекунанд.

Бар асоси низомномаи Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешаванд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои зинаи сеюм мубориза мебаранд.

 Натиҷаҳои қуръакашии Ҷоми «CAFA Nations Cup 2023»:

♦️ Гурӯҳи «А»

 Ӯзбекистон (мизбони гурӯҳ)

 ТОҶИКИСТОН

 Туркманистон

 Уммон

♦️ Гурӯҳи «В»

 Эрон

 Қирғизистон (мизбони гурӯҳ)

 Афғонистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE