Душанбе: Мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми «Бабри барфӣ» баргузор мегардад

Ҳамасола 23 октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин рӯз  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани якчанд чорабиниро ба нақша гирифтааст, ки мусобиқаи футбол  барои дарёфти Ҷоми «Бабри барфӣ» аз ин ҷумла аст, хабар медиҳад Кумитаи ҳифзи муҳити зист.

Ҷоми «Бабри барфӣ» оид ба футзал дар шаҳри Душанбе бо иштироки 16 даста, аз ҷумла дастаи «Экология»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст. 21 октябр дар Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) маросими қуръакашӣ ва тақсим намудани дастаҳо дар ҷадвали бозӣ сурат гирифт.

Ҷоми «Бабри барфӣ» аз 23 октябр то 25 ноябр  идома ёфта, дар ҷамъбасти бозиҳо дастаҳои ғолиб ва бозингарони беҳтарин бо ҷоизаю туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE