Вазорати кишоварзӣ омилҳои баландшавии нархи орду гандумро шарҳ дод
“Тоҷикистон танҳо 50-60 фоизи сокинони мамлакатро бо гандуми ватанӣ таъмин менамояд, боқимонда аз воридот вобастагӣ дорад”, – иттилоъ дод сармутахассиси Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Ятимов доир ба баланд гардидани нархи орду гандум дар бозорҳои мамлакат.
Имрӯз дар бозорҳои истеъмолии мамлакат аз ҷониби соҳибкорон як халта орд бо нархи аз 260 то 280 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Мавсуф зикр намуд, ки гандуму орд ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон (беш аз 90%) ва Россия ворид карда мешаванд. Имсол бинобар камбориш омадани сол дар ин кишварҳо ҳосили гандум кам гардидааст, ки ин яке аз омилҳои асосии баландшавии нархи орд мебошад.
Тибқи маълумоти фаврӣ, ба ҳолати 10 октябри соли равон дар мамлакат 684 ҳазору 419 тонна гандум истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 48 ҳазору 414 тонна зиёд мебошад. Талаботи солонаи бозори дохилӣ ба орд ҳудуди бештар аз 700 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Аз 1 тонна гандум вобаста ба навъи он мутаносибан аз 500 то 900 килограмм орд истеҳсол карда мешавад.
Аз рӯи маълумоти оморӣ, соли равон дар майдони 213 ҳазору 87 гектар замини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ кишти гандум гузаронида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 9193 гектар зиёд мебошад.
Дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ҷиҳати пешгирии баландшавии нархи орду гандум, сӯзишворӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввал Нақшаи тадбирҳо тартиб дода, барои иҷрои онҳо вазорату идораҳои марбуттаи кишвар муваззаф гардидаанд.
Хотиррасон мешавем, ки ҳосили имсолаи гандум дар Қазокистон – воридоткунандаи асосии ин навъи маҳсулот ба Тоҷикистон — каме бештар аз 20 миллион тоннаро ташкил хоҳад дод, ки ин нисбат ба соли 2020 қариб 4 миллион тонна кам аст. Дар ин бора 18 октябр Вазири кишоварзии ин мамлакат Ерболш Карашукеев ба хабарнигорон иттилоъ дод. «Ин миқдор гандум барои қонеъ гардондани бозори дохилӣ басанда аст» — гуфт ӯ. Ба савол дар бораи он ки пас чаро дар бозори дохилии худи Қазоқистон низ нархи орду гандум боло рафтааст, вазир чунин посух дод: «Азбаски гандум ва орд маҳсулоти содиротшаванда мебошанд, нархи ин маҳсулот аз конюктураи (вазъи нархи молу маҳсулот аз рӯи талабот ва пешниҳод) бозори ҷаҳонӣ вобастагӣ дорад». Бино ба суханони ӯ, бинобар хушксолӣ дар аксар манотиқи ҷаҳон, пандемияи коронавирус, афзоиши хароҷоти кишоварзон ва ба ин сабаб болоравии арзиши аслии маҳсулот ФАО (FAO — ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ) низ зиёдшавии нархи орду гандумро дар соли равон пешгӯӣ намуда буд.