Шумораи фавтидагон аз КОВИД-19 дар ҷаҳон марзи 1-миллион нафарро убур кард

Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз гузориши тоза аз шумораи фавти маризони коронавирус дар ҷаҳон нашр намуд.

Бар тибқи маълумоти донишгоҳои мазкур, шумораи қурбониёни вируси COVID – 19 дар сартосари ҷаҳон, бомдоди рӯзи сешанбе аз як миллион нафар бештар ҳисобида шуд.

Зимнан, дар ҷаҳон шумораи умумии гирифторони маризии коронавирус ба  33 273 720 нафар баробар шудааст.

 

“Ҳоло дасти кам, 1 миллиону 555 ҳазор бемори коронавирус ҷон аз даст доданд”, – таъкид мешавад дар гузориши донишгоҳи мазкур.

Зимнан, гузоришгарон аз шифо ёфтани 23 миллион нафар аз банди бемории коронавирус хабар медиҳанд.

Дар миёни кишварҳои олуда ба ин вирус, Амрико бо беш аз 7 миллион нафар сироятёфта дар ҷаҳон дар мақоми аввал қарор дорад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE