«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад

 Дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028» Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Даври шаҳрии озмун имрӯз дар шаҳру ноҳияҳо оғоз гардида,  то 10 декабри соли равон идома меёбад.

Тибқи талаботи озмун, дар он ҳамсарони беҳтарин аз оилаҳои намунавӣ иштирок карда метавонанд.

Дар озмун дар доираи талаботи ҳамсар бештар ба мардҳо афзалият дода мешавад. Марди оила бояд ҳамаҷиҳата рушдёфта бошад, дар самти маърифатнокии аҳли оила, ба илмомӯзию касбомӯзӣ машғул шудани онҳо, меҳанпарастию меҳнатдӯстии фарзандон, таъмини шароити мусоид барои кору таҳсил, ҷалби фарзандон ба варзиш, корҳои ҷамъиятӣ ва дигар самтҳои рушди оила саҳм гузорад.

Ҳадафи озмун, пеш аз ҳама, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, меҳру муҳаббат нисбат ба ҳамсар, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ ва зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ  мебошад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» тадбири муҳим буда, аҳли ҷомеаро ба баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, меҳру муҳаббати самимӣ байни ҳамсарон ва тарбияи дурусти кӯдакон ҳидоят менамояд.

Ҷамъбаст ва маросими мукофотсупории озмун нимаи дуюми моҳи декабр баргузор мегардад. Ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE