Душанбе: Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия ҷамъомад доир шуд
Бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони донишгоҳҳои миллӣ, технологӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия ҷамъомади оммавӣ баргузор гардид. Дар ин бора Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар медиҳад.
Мақсади асосии баргузории ҷамъомад — ин баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.
Дар ҷамъомад масъулини Агентӣ вобаста ба аҳамияти таҷлили Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия, оқибатҳои хисороти ин падидади манфию хатарзо ба амнияти иқтисодии кишвар ва самтҳои мухталифи сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.
Иштирокчиёни ҷамъомад дар мавзӯъҳои «Муқовимат бо фасод – омили рушд», «Тақвияти заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии муқовимат ба коррупсия дар замони Истиқлолияти давлатӣ», «Муқовимат ба коррупсия муттаҳидии ҷомеаро тақозо мекунад», «Таъсири омилҳои коррупсионӣ ба психология ва шуури инсон» ва «Муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти пешгирии коррупсия бо роҳи ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ» маърӯза намуданд.
Мавриди зикр аст, ки ташкил ва баргузор намудани чунин ҷамъомадҳо барои пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва дар маҷмӯъ иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба паст гардидани сатҳ ва шиддати коррупсия мусоидат менамояд.
Дар фарҷом иштирокчиён дар доираи маърӯзаҳои ироашуда мубодилаи афкор намуда, паҳлӯҳои гуногуни падидаи коррупсияро мавриди музокира қарор доданд.