Душанбе: Форуми II байналмилалии «Душанбе – шаҳри имконоти рушди кӯдакон» доир шуд

Форуми II байналмилалии «Душанбе – шаҳри имконоти рушди кӯдакон» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар кори он намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату идораҳо, созмону ташкилоти байналмилалӣ, масъулини сохторҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, сардорон ва мудирони раёсату шуъбаҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи кишвар, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва иштирокчиёни Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакону наврасони «Шукуфаҳои пойтахт», ки аз тамоми минтақаҳои кишвар давоми рӯзҳои 6-10 декабр дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе қарор доранд, иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи Форум муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ироа намуда,  иброз дошт, ки Форуми II байналмилалии «Душанбе – шаҳри имконоти рушди кӯдакон» бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи барномаи байнидавлатии «Душанбе – пойтахти фарҳангии Иттиҳод – 2021» ва бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пойдории волоияти қонун, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани имконоти мусоид ҷиҳати инкишофи кӯдакон, инчунин дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудани насли наврас баргузор гардида, ба муаррифии имконоти шаҳри Душанбе ба сифати маркази ташаккул ва инкишофи кӯдакон мусоидат менамояд.

Муовини сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Сафарзода иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба насли наврас ғамхорӣ зоҳир намуда, зимни ҳар суханронӣ иброз менамоянд, ки «кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар  падару модар мебошанд».

Бо дарки ин масъала ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва зиндагӣ, тарбияи насли солиму бардам ва худшиносу худогоҳ, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ, дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд ва ятим аҳамияти аввалиндараҷа дода, мунтазам чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Инчунин дар ҷараёни Форум роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Осама Маккавӣ иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдаки СММ-ро тасдиқ намуда, дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак корҳои назаррасро анҷом дода истодааст.

Ба иштирокчиёни Форум инчунин паёми маҷозии намояндагони Созмони байналмилалии «Иттифоқи ташкилоти пионерӣ-Федератсияи созмонҳои кӯдакона» тавассути видеоролики ҷолибу хотирмон пешниҳод шуд.

Дар идома намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилоти байналмилалии дахлдор бо сухани ифтитоҳӣ ва маърузаҳо, аз ҷумла дар мавзӯъҳои «Бақайдгирии давлатии таваллуд-кафолати таъмини ҳуқуқи кӯдак», «Насли солим-сарвати бебаҳо ва ояндаи миллат», «Душанбе-макони хушбахтии кӯдакону наврасон», «Оилаи солим-макони тарбияи кӯдакон», «Имкониятҳои рушди зеҳниву ҷисмонии наврасони Тоҷикистон дар таҳаввулоти ҷомеаи муосир» сухан гуфта, аз имконот ва шароити чанд соли охир бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои шаҳрдорӣ, хусусан Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт бавуҷудомада, ки ба инкишофи зеҳниву ҷисмонӣ ва равонии насли наврас мусоидат намуда, шаҳри Душанберо ба сифати шаҳри имконоти рушди кӯдакон муаррифӣ менамоянд, ёдовар гардиданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар партави сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои миллат баҳри расидан ба ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар дар тарҳи нақшаву барнома ва дурнамои давлатӣ ба масъалаи таълиму тарбияи кӯдакон ва фароҳам овардани шароити муносиб ба онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Зеро таваҷҷуҳ ба наврасону кӯдакон- ин таваҷҷуҳ ба ояндаи ҷомеа, сармоягузорӣ ба масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакон- ин сармоягузорӣ ба фардои дурахшон мебошад.

Тайи панҷ соли охир дар пойтахт сохтану мавриди истифода қарор гирифтани муассисаҳои таълимиву маърифатӣ, варзишиву солимгардонӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва дар сатҳи баланд доир намудани озмуну мусобиқа ва фестивалҳои ҷумҳуриявию байналмилалии кӯдакону наврасон аз иқдому ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ маҳсуб мешаванд.

Дар анҷоми Форум миёни иштирокчиён мубодилаи афкори судманд доир гардид. Дар қисмати дуюми кори Форум иштирокчиёни он аз муассисаҳои таълимии шакли нави шаҳри Душанбе дидан намуда, бо ҷараёни таълим ва шароиту имконоти таҳсил дар онҳо аз наздик шинос гардида, барои тавсеа бахшидани корҳо атрофи масъалаҳои дар ҷараёни кори Форуми дуюми байналмилалии «Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон» баррасишуда андеша ва таклифҳои ҷолиб баён хоҳанд кард.

Инчунин, шоми дирӯз, 9 декабр, дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими пӯшидашавӣ ва галаконсерти иштирокчиёни Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ «Шукуфаҳои пойтахт» баргузор гардид, ки дар он ҳамаи иштирокчиёни Форуми дуюми байналмилалии «Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон» иштирок намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE