Файзобод: Боғи фарҳангии ноҳия ба номи Бозор Собир гузошта шуд

Дар асоси қарори вакилони халқи ноҳияи Файзобод ва қарори раиси ноҳия боғи фарҳангии маркази ноҳияи Файзобод  ба номи  шоири муосири тоҷик Бозор Собир  гузошта шуд.

Мудири бахши фарҳанги ноҳияи Файзобод Кароматулло Соҳибназаров иброз дошт, ки соли 2022 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия дар боғи фарҳангии ноҳия  нимпайкараи  Бозор Собир сохта мешавад.

Устод Бозор Собир аз ҷумлаи бузургтарин намояндагони адабиёти муосири тоҷик ба шумор меравад, ки бо сабку услуби ба худ хос ба адабиёт ворид шуда, тавонист ҷойгоҳи хоссаеро дар он соҳиб шавад. Ӯ сухани баланд дошта, ҳамеша аз Ватану миллат, худшиносӣ, пос доштани забони модарӣ, арзишҳои миллӣ ва шинохти миллат ҳарф мезад.

Номгузории боғи фарҳанг ва гузоштани нимпайкара нишонаи эҳтиром ба шахсияти ин шоири муосири миллати  тоҷик мебошад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE