Имшаб – шаби Ялдо

Имрӯз, 21 декабр, соати 19:00 лаҳзаи убури Офтоб аз нуқтаи ҷанубтарини эклиптика буда, рӯзи аз ҳама кӯтоҳу шаби аз ҳама дароз ба вуҷуд меояд, ки инро «инқилоби зимистонии офтобӣ» меноманд.

Ин шаб бо номи «Шаби Ялдо» маъруф буда, на танҳо миёни мардуми тоҷик, балки миёни тамоми мардуми ориёинажод маъмул аст. Шаби Ялдо яке аз ҷашнҳои суннатии мардуми ориёист, ки дар гузашта ба монанди ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада ва дигар идҳои миллӣ таҷлил мешуд.

Дар Эрон ва Тоҷикистон мардум зимистонро ба ду чилла: калон ва хурд ҷудо мекунанд ва шаби нахустини чиллаи калонро ба Шаби Ялдо баробар медонанд. Аз ин хотир, таъбири «шаби чилла» низ дар гуфтори мардум роиҷ аст.

Ба гуфтаи фарҳангшинос Дилшод Раҳимӣ, «дар  байни тоҷикон Ялдоро бо номи шаби чилла мешиносанд ва онро гиромӣ  медоштанд. Шахсан аз пирамарди куҳансоле шунида будам, ки мегуфт: дар  солҳои пеш дар шаби Чилла одамони босавод шабнишинӣ мекарданд. Дар ин шаб тарбуз хӯрдан бисёр савоб  будааст. Тарбуз ва анор рамзи шаби Ялдо мебошанд, зеро ҳар ду дарунсурханд. Мисли ин ки офтоб тулӯъ кунад, сурх мешавад».

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE