Бахшида ба Соли Нав дар Сирки давлатӣ ва театрҳо намоишҳои кӯдакона доир мешаванд
Ба таваҷҷуҳи дӯстдорони санъати ҳунарии сирк расонида мешавад, ки аз 30 декабри соли 2021 то 23 январи соли 2022 дар Сирки давлатии Тоҷикистон бо иштироки ҳунармандони ИДМ ва ҳунарманди Тоҷикистон Вафо Изатуллоев (бо хирсҳояш) барномаи фарҳангиву фароғатӣ баргузор мегардад.
Мавсуф зикр намуд, ки як ҳафта инҷониб ҳунармандон аз давлатҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Федератсии Русия барои тамрин дар Тоҷикистон ҳурзур доранд. Барномаи солинавӣ аз намоишҳои гимнастҳо бо лассо, гимнастҳо бо ҳалқа, дорбозҳо, намоишҳо бо ҳайвонҳои ромшуда ва масхарабозон иборат аст. Ҳамчунин, бо фарорасии соли нави мелодӣ театрҳои давлатии мамлакат дари худро боз намуда, ҳаводорони ҳунари асилро ба тамошои намоишҳои идона, инчунин намоишҳои кӯдакона даъват менамоянд.
Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоиши «Пайкори миллат»-ро дар таҳияи коргардон Ибодуллои Машраб ба саҳна гузоштааст. Ҳамчунин то 31 январ барномаи солинавӣ барои хурдсолон ва наврасон ба саҳна гузошта мешавад.
Роҳбари бадеии Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе Наргис Розиқзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки «намоишҳои театри мо аз 11 декабр оғоз гардиданд. Имсол ҳунармандони театр нахустнамоиши солинавии «Туҳфаи палангҳои солинавӣ»-ро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешкаши кӯдакон ва наврасон мегардонанд. Дар намоиши мазкур кӯдакону наврасон имкон доранд бо Бобои барфӣ, палангҳои хандаовар ва дигар қаҳрамонҳои афсонавӣ вохӯранд».
Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе нақша дорад, ки дар таътили зимистона низ намоишҳои ҷолиб ба саҳна гузорад. Ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ имсол барномаи солинавӣ барои хурдсолон- операи «Хусрав ва Ширин» ва дигар намоишҳои театриро манзури кӯдакону наврасон мегардонанд. Чиптаҳо барои тамошои намоишҳо ҳамарӯза дар назди театрҳо ба фурӯш гузошта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки солҳои қаблӣ барномаҳои солинавӣ дар сатҳи баланд ва бо баргузории барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, намоишҳои театрии оммавӣ доир мегардиданд. Имсол бо мақсади пешгирӣ аз интиқоли бемории сироятии COVID–19, эмин нигоҳ доштани саломатии сокинону меҳмонони пойтахт ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар шаҳри Душанбе барномаи бошукӯҳи фарҳангию фароғатӣ гузаронида намешавад.