Панҷ номгӯй китобҳои Пешвои миллат ба китобхонаҳои Роғун туҳфа гардиданд
Бо ташаббуси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 номгӯй китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номҳои “Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон-пайвандгари дӯстии Тоҷикистон ва Россия”, “Роҳи Абрешим: Тоҷикистон ва Чин”, “Тоҷикистон-25 сол”, “Эмомалӣ Раҳмон — Эҳёгари Роғун”, қисмҳои 2 ва 3 бо шумораи беш аз 162 нусха ва китоби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 51 нусха ба китобхонаи марказӣ ва муассисаҳои таълимии шаҳри Роғун тариқи ройгон дастрас карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Дар китобхонаҳои шаҳри Роғун таваҷҷуҳи хонандагон ба китобҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёд буда, сокинон аз иқдоми наҷибонаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гарм истиқбол намуданд. Таваҷҷуҳи хонандагонро китоби “Эмомалӣ Раҳмон — Эҳёгари Роғун” бештар ба худ ҷалб намудааст. Зеро бунёди ин иншооти тақдирсози миллат ба сокинон ва шаҳри овозадори Роғун пайванди ногусастанӣ дорад.
Дар доираи тақсими китобҳо ба кормандони китобхонаҳои шаҳр намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изхор намуданд, ки китобҳои мазкур бояд дастраси хонандагон гардонида шуда, зери назорати масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор гиранд.