Натиҷаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо

Новобаста ба пандемия ва ихтисори даврҳои интихобӣ даври гурӯҳии мусобиқоти умумиаврупоӣ Лигаи қаҳрамонҳо ва Лигаи Аврупо чун солҳои қаблӣ баргузор хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол шоми гузашта қуръакашии даври гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳо дар Шветсария баргузор гардид.Тибқи муқарарот имсол дидорҳои даври гурӯҳӣ аз 20 – 21- уми октябр шуруъ шуда,  8-9-уми декабр ҷамбаст мешаванд.  Дар ҳоле ки тамоми Аврупо муқобили мавҷи дуюми коронавирус муттаҳид шудааст, Федератсияи Футболи аврупо маҳдудиятҳоро камтар намуда, барои мухлисон иҷозаи иштирок дар варзишгоҳҳоро медиҳад, вале бо иҷрои талаботҳои махсус. Муҳимтар аз ҳама дар варзишгоҳҳо танҳо 30 дар сади мухсилон аз шумораи сад дар сади ғунҷоиш иҷозати вуруд доранд. Аммо дар ҳамин ҳол ҳам то ҳол дар як қатор кишварҳои аврупоӣ аз ҷумла Англия, Фаронса  ва Италия иштироки мухлисон дар варзишгоҳҳо манъ аст. Дар Испания бошад то пайдо шудани ваксина умуман нияти кушодани дари варзишгоҳҳоро надоранд. Дар Италия ният доранд моҳи октябр қисман иҷозати воридшавии мухлисонро бидиҳанд, дар Олмон бошад алакай аз ҳамин ҳафта қисмате аз мухлисонро ба варзишгоҳҳо роҳ додаанд. Вале ҳатто дар сурати кушодашавии дари варзишгоҳҳо ба руи мухлисон УЕФА қатъиян риояи қоидаҳои бехетариро талаб хоҳад кард. Ба гуфтаи президенти Федератсия футболи Аврупо Александр Ҷеферин ин меъёрҳо қадами нахустини боақлона аст, ки саломатии мухлисонро дар ҷои аввал гузошта, қоидаҳои ҳар кишварро эҳтиром мекунад. Ҳамин тариқ новобаста аз ҳама мушкилот шоми гузашта  дар шаҳри Нийони Швейтсария маросими қуръакашии даври гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳо дар мавсими 2020/2021 баргузор шуд. Чун солҳои қаблӣ дар даври гурӯҳӣ иштироки ду даста аз як кишвар дар як гурӯҳ ғайриимкон буда, ҳамчунин дастаҳои Украина ва Русия низ наметавонанд дар як гуруҳ шомил шаванд. Ба ҳамин тарз ҳамаи дастаҳои иштирокчии даври гурӯҳӣ ба ҳашт гурӯҳ тақсим карда шуданд.  Дар гурӯҳи А дастаҳои Баварияи Олмон, Атлетикои Испания, Ред Булл Залтсбурги Австрия ва Локомотиви Росия шомил гардиданд. Дар Гурӯҳи В дастаҳои  «Реал» (Испания), «Шахтёр» (Украина), «Интер» Италия ва  «Боруссия» Мёнхенгладбахи Олмон бо ҳам рақобат хоҳанд кард. Гурӯҳи С тимњои  Портуи Португалия, Манчестер Ситии Англия, Олимпиакоси Юнон ва Марсел Франсияро ҷамъ овард. Ҳамчунин дар Гурӯҳи D Ливерпули Англия, Аякси Голандия, Аталантаи Италия ва Мидтъюллани Дания шомил шуданд. Дастаҳои  Севиляи Испания ва Челсии Англия бошанд дар гурӯҳи Е бо тимҳои   Краснодари Россия ва Ренн Франсия қувваозмоӣ хоҳанд кард. Дар ин марҳилаи Лигаи қахрамонҳо дастаи Зенити Россия бошад дар гуруҳӣ Еф бо тимҳои Боруссия Дортмунд Олмон, Латсиои Италия ва Брюггеи Белгия рақобат менамояд. Дар Гурӯҳи G, ки дастањои Ювентуси Италия, Барселонаи Испания, Динамо Киеви Украина ва Ферентсвароши Венгрияро ба ҳам овардааст, бо назардошти рақобати ду футболбози машҳури ҷаҳонӣ Криштиано Роналдо ва Леонил Месси гуруҳи ҷолибтарин дониста мешавад. Ин ду футболбоз бештар аз ду сол боз бо ҳам вориди майдон нашудаанд ва мухлисон рақобати ин дастаҳоро бесаброна интизор хоҳанд буд.  Дастаи қаҳрамони Фаронса Пари Сен-Жермен шомили гуруҳи Ейч шуда, дар ин даври мусобиқа бо тимҳои Манчестер Юнайтеди Англия, РБ Лейпсиг Олмон ва Истанбул Башакшехири Туркия рақобат менамояд. Бояд гуфт, ки дидорҳои даври гуруҳии мусобиқаи Лигаи Қаҳрамонҳо дар мавсими ҷорӣ аз рузҳои 20-21-уми октябр шуруъ шуда, рузҳои 8-9-уми декабр ҷамбаст мешаванд.

                                                                                     Раҳмонзода Миҷгона

                                                                                       Садои Душанбе

 

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE