Нуриддин Давронов тағйири даста кард

Ниммуҳофизатгари 30-солаи тоҷик Нуриддин Давронов фаъолияти футболбозии худро дар бошгоҳи “Персита”-и Индонезия идома медиҳад. Сомонаи ин бошгоҳ аз гузариши футболбози тоҷик расман хабар дод.

Шартнома миёни футболбоз ва ин даста то 30 майи соли 2022 ба имзо расидааст. Акнун Нуриддин шарафи дастаи “Персита”-ро ҳимоя мекунад.

Давронов қабл аз ин бо дастаи дигари Индонезия “Борнео” шартномаи яксола дошт. Қарордоди футболбози тоҷик бо дастаи “Борнео” якчанд рӯз пеш ба охир расид. Нуриддин аз ба анҷом расидани шартномааш бо ин даста дар саҳифаи инстаграмаш хабар дода буд.

“Борнео” пас аз бекор кардани шартнома бо Нуриддин Давронов расман бо футболбози ҷопонӣ Кей шартномаи нав ба имзо расонд. Акнун Кей ивазкунандаи Давронов дар “Борнео” аст ва ҳамчунин таҳти рақами 8 ба майдон мебарояд.

Сорбон Амонуллозода,

радиои “Тоҷикистон

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE