Илдар Аҳмадиев дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук дар Қазоқистон сазовори медали тилло шуд

 Варзишгари Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук» Илдар Аҳмадиев дар 32-юмин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук ба хотираи Гусман Косанов, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, сазовори медали тилло шуд. Дар ин хусус директори Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук» Раҷабалӣ Турсунзода хабар дод.

Ба иттилои номбурда, дар мусобиқаи мазкур беш аз 200 варзишгар аз 12 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Эрон, Чин, Ҷопон, Тайланд, Гурҷистон ва Ҳиндустон иштирок намуданд.

Дар ҳайати дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7.39 метр ҷои якумро сазовор гардид.

Ғолибони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд. Фонди умумии ҷоизаҳо 25000 доллари ИМА-ро ташкил медод.

Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқа ду нафар дастпарварони муассисаи номбаршуда Илдар Аҳмадиев ва Фавориз Музрапов таҳти роҳбарии мураббӣ Ғайрат Нигматов сафарбар карда шуданд. Ҷиҳати иштирок дар Чемпионати Осиё, ки дар Тайланд доир мегардад, аз 3 то 11 июл дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон машқҳои дастаҷаъмӣ барои ду варзишгари тоҷик ташкил карда мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE