Афғонистон: Вазъи мураккаби зиндагии аҳолӣ дар пайи сардии зимистон

СММ мегӯяд, бинобар сабаби сард омадани фасли зимистон, вазъи башарӣ дар Афғонистон боз ҳам бадтар шудааст. Бино ба гузориши шабакаи телевизионии TOLONEWS боришоти шадиди барф парвозҳо ба фурудгоҳи Кобулро қатъ намудааст.

Дар пайи сардии зимистон садҳо ҳазор нафар сокинони нукоти мухталифи Афғонистон азият мекашанд. “Дар шароити зимистон эҳтиёҷоти афғонҳо ба кумакҳои башардӯстона афзоиш меёбад. Миллионҳо нафар дар саросари кишвар ба камбуди ғизо рӯбарӯ ҳастанд ва аз сармо ранҷ мекашанд. Бориши барфи зиёд бисёре аз хонаводаҳои афғонро аз кумакҳои беруна маҳрум кардааст”,-омадааст дар изҳороти СММ.

Бояд гуфт, ки пас аз ба сари қудрат омадани гуруҳи “Толибон”* сатҳи камбизоативу бенавоӣ дар Афғонистон афзоиш ёфта, ҷойҳои корӣ бамаротиб коҳиш ёфтанд. Тавре ки расонаҳои маҳаллӣ иттилоъ медиҳанд, кумакҳои башардустона аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар кишварҳои ҷаҳон ба Афғонистон нисбат ба солҳои пешин кам гардидааст.

Қаблан, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт хабар дода буд, ки бар асари бенавоӣ ва нарасидани маводҳои ғизоӣ эҳтимол аст, ки давмои фасли зимистондар Афғонистон як миллион кӯдак фавтад.  Тибқи омори байналмилалӣ аз 1 сентябри соли ҷорӣ то ба ҳол  шарикони башардӯстона ба 9 миллион нафар аҳолии Афғонистон кумаки ғизоӣ расондаанд.

Баҳруллои М.,

Радиои Тоҷикистон

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE