Шоира Зулқайнарова Чемпионати ҷаҳони боксро бо ғалаба оғоз намуд

Муштзанбонуи шинохтаи тоҷик Шоира Зулқайнарова дар рӯзи 3-юми Чемпионати ҷаҳон оид ба намуди бокс муштзани кувайтӣ Алмутари Ноураро бо натиҷаи 5 бар 0 мағлуб намуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи бокси Тоҷикистон

Муштзанбонуи тоҷик Шоира Зулқайнарова дирӯз дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Туркия дар вазни то 63 кг ба муқобили муштзани кувайтӣ Алмутари Ноура рақобат кард. Сабқати муштзанон дар даври 1/32-ниҳоӣ оғоз шуда, 5 раунд идома кард. Дар ин рақобат муштзани мо аз ҳариф дида як сару гардан боло буд ва бо қарори доварон бо натиҷаи 5 бар 0 ғалаба ба даст овард. Ҳамин тавр, Шоира Зулқайнарова ба марҳилаи 1/16- ниҳоӣ баромад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонфуз 4 варзишгар — Сумайя Қосимова (-48кг), Руҳафзо Ҳақназарова (-50кг), Миҷгона Самадова (-57кг) ва Шоира Зулқайнарова (-63кг) намояндагӣ доранд. Онҳоро дар ин мусобиқа сармураббӣ Мирзо Шамсиев роҳбарӣ менамояд.

Дар рӯзи якуми мусобиқа муштзанбонуи кишвари мо Сумая Қосимова дар вазни то 48 кг аз муштзани булғорӣ Севда Асенова дар марҳилаи 1/32-ниҳоӣ шикаст хӯрд. Ҳамчунин муштзани дигари кишвари мо- Миҷгона Самадова дирӯз дар вазни то 57 кг ба муқобили муштзани тайванӣ Лин Ю –Тин ноком шуд.

Имрӯз муштзани дигари кишвари мо Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни то 50 кг вориди ринг мешавад.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур аз 6 то 21 май дар шаҳри Истанбул баргузор шуда, дар он 419 варзишгар аз 93 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE