Муҳаррири шабакаи “Садои Душанбе” барандаи ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон дар соҳаи рӯзноманигорӣ гардид

5 январ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2021 аз рӯйи 12 номина ва қадрдонии ғолибони озмунҳои эълоннамудаи Кумита дар соли 2021 баргузор гардид.

Дар расми ифтитоҳи маросим муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Раиси Кумитаи кор бо чавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, ҷавонон ва ғолибони ҷоизаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иштирок намуданд.

Дар маросими ҷамъбасти соҳаи кор бо ҷавонон ҷиҳати қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат, адои қарзи ҳарбӣ ва хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» таъсис дода шудааст, ки имсол аз миёни беш аз 42 нафар довталабон 12 нафар беҳтаринҳо аз ҷониби комиссияи босалоҳият муайян шуда, ин ҷоизаҳо дар фазои тантанавӣ ба онҳо супорида шуданд.

Соли равон аз ҷониби Кумита озмун барои дарёфти Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, техника, технология ва  инноватсия ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Аз миёни 40 нафар довталабон 20 нафар беҳтаринҳо муайян ва ғолибон дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон қадрдонӣ шуданд. Дар ин миён, муҳаррири шабакаи “Садои Душанбе”, масъули сомонаи шабака Мирсаиди Хайрулло (Сатториён) ба гирифтани ҷоизаи Кумита дар соҳаи рӯзноманигорӣ сазовор шуд. Ба ӯ диплом ва мукофотпулӣ тақдим гардид.

Дар маросим ҳамчунин баҳри болидахотирии иштирокдорон барномаи фарҳангӣ бо иштироки сарояндаҳои маъруф манзур гардид.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE