Эмомалӣ Раҳмон: Вазъият дар кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад аз берун халалдор шавад

Вазъият дар кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад аз берун халалдор шавад. Дар ин бора , 14 январ, Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни нишасти хабарӣ оид ба ҷамъбасти соли гузашта иброз дошт.

«Кӯшишҳои зиёде аз берун барои халалдор кардани вазъ ҳам дар Осиёи Марказӣ ва ҳам дар дигар кишварҳои СААД вуҷуд доранд», — таъкид кард ӯ.

Ёдовар мешавем, ки 10 январи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ (СААД) хостори таъсиси «камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон ба манзури ҳифзи марзҳои ҷанубии ин созмон аз терроризм ва қочоқи маводи мухаддир шуданд. Сабти он дар YouTube дастрас аст.

Сарвари давлат таваҷҷуҳи аъзои Шӯроро ба мавҷудияти ячейкаҳои хуфтаи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва радикализм дар кишварҳои узви СААД, инчунин  талошҳои ҷалбу таблиғоти онҳо дар байни шаҳрвандон ҷалб намуданд. Дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон хостори таҳкими фаъолияти муштараки ҳамаҷонибаи мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СААД дар муқобила бо ин чолишҳо ва таҳдидҳо шуданд.

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин оид ба як қатор ташаббусҳо, аз ҷумла зарурати таҳияи низоми ҳифзи фазои иттилоотӣ изҳори назар намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар наздикии марзҳои ҷанубии СААД, дар вилоятҳои шимолу шарқи Афғонистон беш аз 40 урдугоҳ ва маркази омӯзиши террористон мавҷуд аст, ки дар онҳо беш аз 6000 ҷангҷӯ ба сар мебаранд. Илова бар ин, тазаккур доданд, ки дар Афғонистон ҷангҷӯёни ДОИШ* зиёд мешаванд. Ба гуфтаи Сарвари давлат, аз нимаи дуюми моҳи августи соли 2021 ҳазорон нафар аз аъзои созмонҳои террористӣ аз зиндонҳои Афғонистон озод шуданд.

Дар робита ба ташаббуси Президенти Тоҷикистон 13 январ намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова низ суханронӣ карда, изҳор дошт, ки феълан механизмҳои таъмини ҳифзи боэътимоди марзҳои СААД таҳия мешаванд.

«Бо пешниҳоди шарикони тоҷики мо механизмҳои таъмини ҳифзи боэътимоди марзҳои ҷанубии СААД таҳия мешаванд», — гуфт Захарова зимни брифинги ҳафтаина.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин замина масъалаи баргузории тамринҳои муштарак бо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Ҳамчунин қарор аст, ба Тоҷикистон барои таҳкими қитъаҳои кӯҳии душворгузари марз бо Афғонистон кумак расонида шавад.

Ба гуфтаи Захарова, дар чаҳорчӯби ҳамёрӣ тавассути СААД, кишварҳои узв ҳамкории хадамоти махсусро барои ошкор ва безараргардонии ячейкаҳои террористии ифротгаро, ки талош доранд марзи Тоҷикистонро бо Афғонистон  халалдор созанд,   тақвият хоҳанд дод.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE