Президентҳои ФИФА ва КФО бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд

Президентҳои Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино ва Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Сарони созмонҳои футболи ҷаҳонӣ ва осиёӣ дар ҷараёни сафарашон бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқоти расмӣ доир намуда, масъалаҳои рушди футбол дар мамлакатро баррасӣ менамоянд.

Илова бар ин, Ҷанни Инфантино ва Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа дар Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки 2 май дар Душанбе баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки президенти ФИФА Ҷанни Инфантино нахустин бор ба Тоҷикистон меояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE