Хатлон: Беш аз 55 фоизи аҳолӣ вояи дуввуми ваксина гирифтаанд

То 10 январ дар вилояти Хатлон 1 миллиону 472 ҳазору 497 нафар, яъне 72 фоизи шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро 1 миллиону 139 ҳазору 491 нафар- баробар ба 55,7 фоизи шаҳрвандони синнашон аз 18 боло гирифтанд, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

То санаи зикргардида ба вилоят  3 миллиону 466 ҳазору 569 вояи ваксина ворид шудааст. Дар вилоят корҳои  фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи реҷаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, безараргардонии дастҳо, гигиенаи ҷамъиятӣ ва шахсӣ, гузаронидани муоинаи тиббӣ ҳангоми воридшавӣ ба ҷумҳурӣ ва даст назадан ба худмуолиҷакунӣ гузаронида мешаванд.

Ваксинаҳои истифодашаванда дар ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ бо истифодаи технологияи навтарин истеҳсол шуда, кафолати бехатарии онҳо таъмин аст.
Он ҳолатҳои нороҳаткунандае, ки баъди тазриқи ваксина сар мезананд, дар доираи меъёри «бархӯрди иммуниологӣ» дар бадан ҷой дошта, дар натиҷаи он муқовимат бар зидди сирояти коронавирус ҳосил мегардад. Ҳолатҳои номатлуби баъди тазриқ ба вуқӯъ омада — дардмандӣ дар ҷои тазриқ, дарди сар, дарди мушакҳо, бетоқатӣ, дилбеҳузурӣ, баландшавии ҳарорати бадан дараҷаи сабук, миёна ва кӯтоҳ муваққатӣ буда, давомнокиашон 2-3 шабонарӯзро ташкил медиҳад. То ҳол баъди эмгузаронӣ ҳолатҳои номатлуби вазнин ба қайд гирифта нашудаанд.

Аз ин лиҳоз шаҳрвандонро мебояд, ки ба ҳар гуна овозаҳои ҳангомаҷӯёна, ки боиси ваҳмангезию нигаронӣ аз натиҷаи тазриқи ваксина гашта, ҳолатҳои нороҳатиро вазнин мегардонанд, бовар накарда, аз кафолати сифату самаранокии эмгузаронӣ ба  шубҳа наафтанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE