Кӯлоб: Ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ доир шуд
«Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат»-таҳти чунин унвон дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ доир шуд, хабар доданд аз бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Дар ҳамоиш муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳомидиён, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, сардорони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гирандагони стипендияи президентӣ, ғолибони олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ва ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.
Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳомидиён иброз дошт, ки сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш дар меҳвари фаъолияти давлату Ҳукумат қарор дорад. Маҳз ҳамин ғамҳориҳои бевоситаи Сарвари давлат аст, ки имрӯз ҷавонон дар самтҳои мухталифи давлатдорӣ фаъолият намуда, бо дастовардҳои назаррасу арзандаи худ шарафи давлату миллатро доимо баланд мебардоранд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода оид аз иқдомҳои наҷиб ва ғамхоронаи Пешвои миллат нисбат ба насли наврасу ҷавон ёдовар шуда, иброз дошт, ки аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии мамлакат ба хотири рӯҳбаланд намудани наврасону ҷавонон ва бо мақсади таъмини таҳсили муносиби ҷавонон якчанд имтиёзҳо, аз ҷумла стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо баҳои аъло таҳсил ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд, таъсис дода шуд. Ин сабаби беҳтар шудани сифати дониш миёни ин қишри ҷомеа гардидааст.
Дар ҳамоиш хонандагони синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба номи Бобоҷон Ғафуров Мафтуна Рустамова, Рухшона Азамова ва хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и шаҳри Кӯлоб Шукрона Раҳматова сухан гуфта, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуданд.
Барномаи театрикунонидашудаи аҳли фарҳангу санъат, ки тараннумгари ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон буд, пешниҳоди иштирокдорони ҳамоиш гардид.
Аксҳо аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб