ДМТ: Аз 1 сентябр маоши кормандону омӯзгорон 10% зиёд мегардад
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз оғози соли 2021 маоши кормандону омӯзгоронро дар ҳаҷми 10 % баланд намуд. Яъне дар баробари аз 1 июли соли 2022 зиёд шудани музди меҳнат дар ҳаҷми 20 фоиз, илова бар ин, бо пешниҳоди ректори донишгоҳ шурӯъ аз 1 сентябри соли 2022 маоши омӯзгорон дар ҳаҷми 10 %-и дигар баланд бардошта мешавад. Ин нуктаро ректори донишгоҳи мазкур, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвақтзода 31 январ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон баён дошт.
Зикр шуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар омода намудани кадрҳои илмӣ, илмӣ-педагогӣ ҳам барои донишгоҳ ва ҳам барои марказҳои илмии дигари дохилу хориҷи кишвар мусоидат менамояд. Аз ҷумла, соли гузашта 110 нафар аспирант, докторанти Ph.D ва унвонҷӯи донишгоҳ рисолаҳои номзадӣ ва 16 нафар рисолаи доктории худро дар шӯроҳои ватаниву байнидавлатӣ ҳимоя карданд.
Яке аз дастовардҳои донишгоҳ дар соли сипаришуда ин ишғол намудани ҷойи 241-ум миёни 450 донишгоҳи беҳтарину пешрафтаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ мебошад, ки аз ҷониби ширкати бонуфузи британиягии «Quacquarelli Symonds (QS)» — Раддабандии донишгоҳхои ҷаҳонӣ муайян карда шудааст.
Чунин дастовардҳо дар таърихи соҳибистиқлолии кишварамон дар доираи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ватанӣ аввалин буда, бешак, муаррифи дастовардҳои таҳсилу илми тоҷик ва донишгоҳ дар 30 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ммебошанд.