Нишастҳои матбуотии 15 июл

Пагоҳ, 15 июл Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2021  нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Палатаи ҳисоб соати 08:00 дар бинои ҳамин ниҳод  ва Агентии назорати маводи нашъаовар соати 09:00 дар Агентии мазкур баргузор мешаванд. Кумитаи бехатарии озуқаворӣ нишасти матбуотиро соати 10:00 дар Кумитаи мазкур доир менамояд. Нишасти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон соати 11:00 дар мақомоти  мазкур баргузор мешавад.

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE