Санҷиши фаъолияти «Равшан»-и Кӯлоб аз ҷониби ФФТ

Гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба литсензиякунонии дастаҳо  таҳти роҳбарии ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов бо мақсади санҷиши дастаи «Равшан»  ба шаҳри Кӯлоб омад. Гурӯҳи мазкур  бахшида ба мавсими нави футбол дар мамлакат дастаҳои шомили Лигаи олӣ ва якумро мавриди санҷиш қарор медиҳад, хабар дод бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

Меҳмононро иҷрокунандаи вазифаи раиси раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масъалаи рушди футбол дар шаҳри Кӯлоб  ва  фаъолияти  дастаи «Равшан»  мавриди баррасӣ  қарор гирифт.

Ёдовар мешавем,  ки дастаи «Равшан» -и шаҳри Кӯлоб  яке аз дастаҳои футболи сермухлис ва маъруфи мамлакат маҳсуб шуда, тайи солҳои охир 2 карат чемпиони Тоҷикистон, барандаи суперҷом ва Ҷоми Тоҷикистон гардидааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE