ВМКБ: Тарма чун хатар барои ҳаракати мошинҳо боқӣ мондааст

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ВМКБ 13 феврал, соати 16:30 дар километри 31-32 роҳи автомобилгарди Хоруғ-Ишкошим, дар мавзеи Баржири Ҷамоати деҳоти А.Замирови ноҳияи Ишкошим ва километрҳои 51-52 мавзеи Бижури Ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим тарма фаромада, роҳи нақлиётро пурра баст. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Барои тоза намудани роҳ аз тарафи МДНРА ноҳияи Ишкошим 1 адад техникаи муҳандисии булдозери ДТ-75 сафарбар гардида, тахминан соатҳои 21:34 роҳи бастаи километрҳои 51-52-юми мавзеи Бижури Ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим пурра боз шуд. Корҳои бартарафсозии пайомадҳои тарма дар километрҳои 31-32 мавзеи Баржири Ҷамоати деҳоти А.Замирови ноҳияи Ишкошим идома дошта, айни ҳол роҳ баста мебошад.

Ҳамчунин 13 феврали соли 2022, соати 16:55 дар километри 8-уми роҳи дорои аҳамияти маҳаллии Хоруғ-Ишкошим, мавзеи Ниводаки шаҳри Хоруғ, километрҳои 18-24-уми деҳаи Пиши Ҷамоати деҳоти Г.Шаҳбозов ва тахминан соатҳои 18:00 дар километри 30-юми деҳаи Нишуспи Ҷамоати деҳоти Г.Шаҳбозов тарма фаромада, роҳро муваққатан баст.

Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада 1 адад техникаи муҳандисӣ боркунаки фронталӣ аз МДНРА ноҳияи Шуғнон сафарбар гардида, соати 18:32 дар километри 8-ум, соати 20:40 дар километрҳои 18-24 ум ва соати 22:40 дар километри 30-юм роҳ боз шуд. Ҳоло равуои нақлиёт дар ду самт ба роҳ монда шуда, монеа нест.

КҲФ ва МГ чун ҳамеша аз сокинон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд. Баъди бориши рӯзҳои охир гармии ҳаво боис шудааст, ки хавфи лағзиши тармаву резиши санг бештар шавад. Аз ин рӯ, хуб мебуд муваққатан аз сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ карда шавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE