Мулоқоти Илҳом Алиев ва Рустами Эмомалӣ дар Боку

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалиро, ки имрӯз бо сафари расмӣ вориди Боку шуданд, ба ҳузур пазируфт.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ҳайдар Алиев Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар намояндагони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Зимни сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Маълумоти муфассал дар бораи сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Озарбойҷон дертар дар сомонаи мо нашр хоҳад шуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE