Левакант: Президенти кишвар Корхонаи истеҳсоли афшураи меваю сабзавот ва нӯшобаҳоро ба истифода доданд

20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант Корхонаи истеҳсоли афшураи меваю сабзавот ва нӯшобаҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Паймонаи заррин”-ро ба истифода супориданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар доираи эълони гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Маҷмааи истеҳсолии корпоратсияи «Салтанат» таъсис ёфтааст. Бо сохта ва ба фаъолият оғоз намудани ин корхонаи муосири саноатӣ дар ду баст 280 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид.

Дар корхонаи нави саноатӣ асосан ду хати технологӣ барои коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураву шарбат ва обҳои ташнашикан аз кишварҳои пешрафтаи олам, аз ҷумла аз ширкатҳои маъруфи Олмон, дастрас гардида, онро мутахассиони тоҷик дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Федератсияи Русия васлу насб намуда, идора менамоянд.

Иқтидори истеҳсолии корхона 50 ҳазор тонна меваи тару тозаи табиӣ дар як мавсим буда, корхона имкон дорад, ки дар як шабонарӯз то 10 ҳазор литр афшураи меваю сабзавот ва нӯшобву обҳои ташнашикан истеҳсол намояд. Дар хати муосири технологӣ меваю сабзавот нахуст коркард шуда,ба таври механикӣ ба ҷараёни истеҳсолот интиқол дода мешавад. Истеҳсоли афшураю нӯшобаҳо аз меваҳои шаҳдбори диёр, аз ҷумла себу нок, зардолу, шафтолу, олуву олуча, лиму, анор ва гулчини меваҳо дар қуттии гуногунҳаҷм анҷом дода мешавад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки маҳсулоти истеҳсолшуда дар навбати аввал ба бозорҳои истеъмолии мамлакат пешниҳод мегардад ва дар сурати таъмини талаботи аҳолӣ ин навъи маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи кишвар низ содирот хоҳад шуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE