Оғози даври ниҳоии Озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ”

Имрӯз дар пойтахти кишвар озмуни шаҳрии “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ” оғоз гардид. Озмун бо мақсади ҷалби оммавии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба забономӯзӣ инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинӣ, сайқал додани заковат ва малакаҳои забондонӣ, дарёфт, муаррифӣ ва ҳавасмандгардонии истеъдодҳои нав дар ин самт мебошад.

Қайд бояд намуд, ки озмуни мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ “Дар бораи ташкил ва баргузор намудани озмуни шаҳрии “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ” баргузор карда мешавад.

Озмун мазкур байни хонандагони синфҳои 5-8 ва 9-11-и муассиаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва литсею гимназияҳо вобаста ба фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ, ва забони англисӣ дар ду бахш (назариявӣ ва амалӣ) аз рӯйи шартҳои зерин гузаронида мешавад.

-Маҳорати суханварӣ (бо се забон)

-Эссе (бо се забон)

-Қироати шеър (бо се забон)

-Имло (имлои дурусти калима дар матн)

-Тарҷума (пешниҳоди матни бадеии забони тоҷикӣ ба забонҳои русиву англисӣ).

Озмуни шаҳрии “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ” аз се давр иборат буда, аз моҳи январ то моҳи апрел баргузор карда мешавад:

Озмун таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, №438 тасдиқ шудааст, ташкил ва гузаронида мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки даври ноҳиявии озмун дар ноҳияҳои пойтахт аз 30 марти то 3 апрели соли 2022 баргузор карда шуда, ғолибон бо туҳфаҳои ташкилнамудаи Кумитаи тадорукот ҳавасмандгардонида шуданд.

Шумораи иштирокчиёни даври ноҳиявии озмуни “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ” дар умум 584 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 164 нафар аз ҳисоби литсей ва гимназияҳо, 420 нафар аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро ташкил доданд.

Бояд тазаккур дод, ки рӯйхати ғолибони даври ноҳиявии озмун ба Кумитаи тадорукоти даври шаҳрии озмуни “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ” пешниҳод гардидааст, ки шумораи онҳо 55 нафарро ташкил медиҳад.

Бо мақсади шаффоф баргузор гардидани озмун шаҳрии “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ” аз ҳисоби олимону мутахассислни варзида ва устодони донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар таъсис дода шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки озмуни мазккур бевосита зери таваҷҷуҳи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE