Душанбе: Оғози озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм”

Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва масъулини баргузории озмун аз ҷумла сохорҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёати маориф, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, ҳайати ҳакамон ва довталабони даври шаҳрии озмун ширкат намуданд.

Нахуст сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода паёми шодбошии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба иштирокчиёни озмун ироа карда, аз ҷумла қайд намуд, ки “Ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» аз иқдомоти навбатии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ арзёбӣ гардида, он дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии наврасон аз рӯйи ихтисос ва касбҳои ба фанҳои мазкур алоқаманд, тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №85 аз 25 феврали соли 2022 эълон карда шудааст”.

Озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” аз рӯйи номинатсияҳои “Барномасозӣ”, “Меъморӣ”, “Моделсозӣ”, “Радиоэлектроника”, “Робототехника”, “Сайёҳӣ – кишваршиносӣ” ва “Табиашиносӣ” доир гардида, дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ –ғолибони даври ноҳиявии озмун сабқат хоҳанд кард.

Озмуни мазкур таҳти сарпарастии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардида, ғолибони он аз рӯйи ҳар як номинатсия дар алоҳидагӣ бо мукофотпулӣ: барои ҷойҳои якум 15 000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 10 000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 5 000 сомонӣ сарафароз карда мешаванд. Инчунин ба омӯзгорони хонандагоне, ки дар озмун ғолибиятро ба даст меоранд, мукофотпулӣ: барои ҷойҳои якум 10 000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 5 000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 3 000 сомонӣ барои ҳар як номинатсия дар алоҳидагӣ, муқаррар гардидааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар даври ноҳиявии озмун 403 нафар сабқат намуда, танҳо 80 нафарашон бо ба даст овардани холҳои мувофиқ ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтаанд. Ҳамин тариқ, тибқи дархости ноҳияҳои пойтахт аз рӯйи ҳар як номинатсия, шумораи зерини довталабон барои иштирок дар даври шаҳрии озмун пешниҳод гардидаанд:

– номинатсияи «Барномасозӣ» – 12 нафар;

– номинатсияи «Меъморӣ» – 10 нафар;

– номинатсияи «Моделсозӣ» – 13 нафар;

– номинатсияи «Радиоэлектроника» – 11 нафар;

– номинатсияи «Робототехника» – 8 нафар;

– номинатсияи «Сайёҳӣ – кишваршиносӣ» – 12 нафар;

– номинатсияи «Табиатшиносӣ» – 14 нафар.

Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати мақсаднок, озод ва шаффоф баргузор намудани озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ҳайати ҳакамони он аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷриба ва ходимони намоёни илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки озмун аз рӯйи шартҳои супоридани корҳои тестиву хаттӣ аз рӯйи фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ ва муаррифии лоиҳаҳои илмиву эҷодӣ аз рӯйи номинатсияҳои алоҳида сурат гирифта, он то рӯзи 11 апрел идома меёбад. Дар назар аст, ки ҷамъбаст ва маросими ҳавасмандгардонии ғолибони он, дар арафаи Рӯзи пойтахт баргузор карда шавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE