Намоиши асарҳои санъати кандакорӣ дар рӯйи чӯб дар Осорхонаи миллӣ
Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Кандакорӣ – ҷавҳари санъати ороишӣ-амалии ниёгон» намоиши асарҳои санъати кандакорӣ дар рӯйи чӯб оғоз гардид, ки он то 25 апрел идома меёбад. Дар ин хусус аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар намоиши мазкур зиёда аз 50 адад осори кандакорӣ аз хазинаи тиллоии фонди Осорхонаи миллӣ, ки осори кандакории ҳунармандони маъруфи тоҷик Нуриддинов С., Яҳёев А., Мирсаидов С., Ҷумаев Х., Буриев С., Баротбеков Ю., Маъруфӣ Манучеҳр ва дигарон мебошанд, бо номҳои «Зани кашидадӯз», «Духтар бо кабӯтар», «Симои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э. Раҳмон», «Симои А.Сино», «Симои Мирзо Турсунзода», «Симои зани рубобнавоз», «Ҷавонӣ», «Наво» ва лавҳаҳои наққошии «Боғбон», «Камарбанди сулҳ», «Гулҳои Душанбе», «Рақси товус» барои тамошо гузошта шудаанд.
Дар ифтитоҳи намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, ҳамчунин донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов» иштирок намуданд.
Директори Осорхона Аҳлиддин Ибодуллозода иброз намуд, ки «таърихи рушди ин навъи ҳунар бо таърихи рушди фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва тамаддуни халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди ҳунарҳои миллии тоҷикон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд, ки дар натиҷа якчанд муассисаҳои фарҳангӣ – фароғатии кишвар бо истифода аз ҳунари волои кандакорӣ оро дода шуданд».
Бояд гуфт, ки кандакорӣ ҳунари қадимӣ буда, дар Тоҷикистон рушди зиёд дорад ва яке аз маълумтарин намуди санъати амалист. Кандакорӣ дар меъморӣ (ороиши биноҳо), истеҳсоли ашёву анҷоми рӯзгор ва ғайра истифода мешавад. Устоҳои тоҷик асосан чӯбро аз дарахти арча, чанор, тут,чормағз ба кор бурда, аз онҳо ашёи рӯзгор- коса, табақ, кавш ва қолибҳои махсус барои нусхапартоиву нақшу нигори матоъҳои пахтагӣ месохтаанд.
Ба гуфтаи таърихшиносон, ин ҳунар таърихи ҳазорсола дошта, намунаҳое, ки аз ноҳияҳои Ишкошиму Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Исфара, Панҷакент, Айнӣ, Вахш дарёфт шудаанд, ба асрҳои 8 — 10, 15 — 19 мутааллиқанд.
Санъати муосири кандакорӣ дар чӯби тоҷикон дар ду самт инкишоф меёбад: мардумӣ ва касбӣ. Вале дар ҳар ду ҳам анъанаҳои асримиёнагии санъати ороишӣ нигоҳ дошта шудаанд.